ФУТБОЛ Филиппин, Малдив ва Тимори
Филиппин, Малдив ва Тимори
Шарқӣ – ҳарифони Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо мунтахабҳои Филиппин, Малдив ва Тимори Шарқӣ хоҳанд буд.
Маросими қуръакашии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 9-уми декабр дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, воқеъ дар Куала-Лумпур, баргузор шуд. Дар натиҷа, шаш гурӯҳ иборат аз чордастагӣ ташкил шуд. Ҳар як тим дар гурӯҳ шаш бозӣ – дар майдони худ ва дар меҳмонӣ анҷом медиҳад. Танҳо ғолибони шаш гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Аввалин бозии марҳалаи интихобӣ 25-уми марти соли 2025 ба нақша гирифта шудааст ва то 26- уми марти соли 2026 идома меёбад. Тими миллии Тоҷикистон дар даври аввал бо Тимори Шарқӣ вомехӯрад.
Сармураббии мунтахаби Тоҷикистон Гела Шекиладзе дар бораи натоиҷи қуръакашии марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 чунин ибрози назар кард:
«Дар ин сатҳ дастаҳои заиф вуҷуд надоранд. Бояд ба ҳар як бозӣ омода буд. Дастаи Филиппин рақиби хуб аст. Ин тимро мо ба хубӣ мешиносем, бо онҳо имсол ду маротиба бозӣ кардем. Ин даста бозигарони зиёде аз чемпионатҳои Аврупо дорад. Бозиҳо бо Филиппин ҳамеша душвор буданд. Мунтахаби Малдивро низ хуб мешиносам, дар ин даста кор кардаам, бад нест. Тимори Шарқӣ дар муқоиса бо Филиппин он қадар қавӣ нест, аммо ҳар як рақибро бояд эҳтиром кард. Беэҳтиромӣ нисбат ба рақиб ҳамеша натиҷаи нохуш дар пай дорад.
Мақсади мо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан аст. Барои расидан ба он ҳамаи қувваи худро сарф мекунем».
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.12.2024 №: 243