ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАТИҶАГИРӢ

НАТИҶАГИРӢ

14 январ 2025, Сешанбе
9
0


448 медали варзишгарони кишвар дар соли 2024
Соли 2024-ум 1126 варзишгар (354 зан) ба 82 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардида, 448 медал (134 тилло, 108 нуқра, 206 биринҷӣ) ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 87 медал зиёд мебошад.
Ин маълумотро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод зикр кард.
Гуфта шуд, ки соли гузашта дар ҷумҳурӣ 11026 иншооти варзиш, новобаста ба шакли моликияташон, ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 127-тоаш варзишгоҳ, 7662 майдончаи варзишӣ, 2273 толори варзиш, 104 ҳавзи шиноварӣ, 89 маҷмааю марказҳои солимгардонӣ, бошгоҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд. 141 иншоот танҳо соли 2024 сохта шудааст.
Кумита давоми соли 2024, дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва оммавигардонии варзиш 39161 чорабинӣ гузаронд, ки дар онҳо 3800455 нафар ширкат кард.
Соли 2024 варзишгаронамон тавонистанд ба як қатор дастовардҳое ноил шаванд, ки дар таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон бесобиқа мебошанд. Чунончи, бори аввал дар кишвар мусобиқаи бонуфузи байналмилалии Гранд-слами Душанбе, Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон, Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ, Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сайёҳӣ баргузор шуда, бори нахуст тими футзали кишвар дар Чемпионати ҷаҳон (Ӯзбекистон), тими футболи кишвар дар Ҷоми Осиё (Қатар) ширкат намуданд.


ФУТБОЛ
Амадонӣ ба «Гул Гуҳар», Далер ба “Шӯртан”, Эҳсон ба “Суғдиёна” гузаштанд
Нимҳимоятгари дастаҳои миллӣ ва олимпии (U-23)-и кишвар Амадонӣ Камолов бо клуби футболи «Гул Гуҳар»-и Эрон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. «Гул Гуҳар» дар ҷадвали Чемпионати Эрон дар ҷойи панҷум аст. Амадонӣ аз «Истиқлол»-и Душанбе ба ин даста гузашта, ду мавсим он ҷо бозӣ хоҳад кард. 
Бозигари дигарамон – ҳамлагари 20-солаи мунтахаби миллӣ ва олимпии Тоҷикистон (U-23) Далер Шарифов дастаашро дар суперлигаи Ӯзбекистон иваз кард. Ӯ ба ҳайси бозигари озод ба дастаи «Шӯртан»-и Гузар гузашт. Охирин клуби Далер Шарифов «Металлург»-и Бекобод буд, ки дар ҳайати он дар 24 бозии мавсими гузашта се гол зад.
Нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе бошад, фаъолияти футболбозии худро дар Суперлигаи Ӯзбекистон идома медиҳад. Ӯ аз “Истиқлол”-и Душанбе ба «Суғдиёна»-и Ҷиззах гузашт. Эҳсон дар «Суғдиёна» ҳамдастаи ҳимоятгари тими миллии кишвар Зоир Ҷӯрабоев шуд.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.01.2025 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив