ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒДУ ХАТЛОН БЕҲТАРИН ШАҲРУ НОҲИЯРО ЭЪЛОН КАРДАНД

СУҒДУ ХАТЛОН БЕҲТАРИН ШАҲРУ НОҲИЯРО ЭЪЛОН КАРДАНД

16 январ 2025, Панҷшанбе
39
0


Вилоятҳои Суғду Хатлон озмуни вилоятии “Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳрак, деҳа, маҳалла ва хонаи истиқоматӣ”-ро ҷамъбаст карда, ғолибонро қадр намуданд.
Дар вилояти Хатлон Кӯлоб беҳтарин шаҳр дониста шуд. Норак ҷойи дуюм, Бохтар ҷойи сеюмро сазовор гаштанд. Данғара бошад, беҳтарин ноҳия эълон шуд. Дар ин номина ба Ёвон ва Кӯшониён мақомҳои дуюму сеюмро доданд. Ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг беҳтарин шаҳрак, Ҷамоати деҳоти Хоҷамуъмини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ беҳтарин Ҷамоати деҳот, маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар беҳтарин маҳалла, деҳаи Балҷувони ноҳияи Балҷувон беҳтарин деҳа, манзили сокини Кӯшониён Хушвахттош Заиралиев беҳтарин хонаи истиқоматӣ дониста шуданд. 
Дар вилояти Суғд бошад, Хуҷанд беҳтарин шаҳр гардид. Ҷойи дуюм насиби шаҳри Истаравшан ва ҷойи сеюм насиби шаҳри Конибодом шуд. Дар номинаи “Ноҳияи беҳтарин” Ашт соҳиби ҷойи аввал,  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби ҷойи дуюм ва Спитамен соҳиби ҷойи сеюм гаштанд. Дар номинаи “Маҳаллаи беҳтарин” маҳаллаҳои Азизободи шаҳри Панҷакент, Машъали шаҳри Бӯстон, Абдураҳим Ғозибекови ноҳияи Шаҳристон,  дар номинаи “Деҳаи беҳтарин” Равғангарони шаҳри Истаравшан, Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулов, Метари ноҳияи Спитамен, дар номинаи “Деҳоти беҳтарин” ҷамоатҳои деҳоти Фондарёи ноҳияи Айнӣ, Шодобаи ноҳияи Ашт, Навгилеми шаҳри Исфара ва дар номинаи “Шаҳраки беҳтарин” шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ғончии ноҳияи Деваштич, шаҳраки Зафарободи ноҳияи Зафаробод беҳтарин дониста шуданд. Дар номинаи “Хонаи истиқоматии беҳтарин” ҷойҳои ифтихорӣ насиби хонаҳои истиқоматии Сайфулло Ҳабибуллоев – сокини шаҳри Хуҷанд, Аҳрор Камолов – сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Хайрулло Анорқулов – сокини шаҳри Истиқлол гардид.
Дар ҳамаи номинаҳо ба ғолибон 10 000 сомонӣ, барандагони ҷойи дуюм 6000 ва ҷойи сеюм 3000 сомонӣ супурда шуд.
Гуфта шуд, ҳадаф аз баргузории озмун сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар самти ободонӣ ва самаранок истифода бурдани замин, вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташвиқу тарғиб ва дастрас намудани таҷрибаи пешқадам, таҳкими соҳибистиқлолӣ, тарғиб ва оммавигардонии суннатҳои беҳтарини миллӣ мебошад.

У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 16.01.2025 №: 12
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив