ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
КАЛИДКАЛИМА
Дар ин муаммоҳои пешниҳодгашта шуморо мебояд аз ҳар як калима вожаи наве бисозед.
Масалан: НОБ + АҲД + АСР = САРҲАДБОН.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛО
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2026»:
1. Салоҳ
2. Буну
3. Ямал
4. Леау
5. Ҳакимӣ
6. Кошта
7. Кубарси
8. Месси 9.Маккалистер
10. Дембеле
11. Алварес
12. Рафиня
13. Роналдо
14. Неймар
15. Винисиус
16. Мартинес
17. Кейн
18. Торрес
19. Беллингем
20. Родриго
21. Пикфорд
22. Мбаппе
23. Олисе
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 935 35 51 50
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
МЕҲРИ ПАДАР
Марде як умр ризқашро аз пайи нонпазӣ меёфт ва бо он қаноат мекард. Духтари ягонааш Насибаро, ки аз модар ятим монда буд, бо ноз мепарварид ва, ҳамзамон, дар хонданаш сахтгир буд. Насиба баъди хатми мактаб ба донишгоҳ дохил шуда, яке аз донишҷӯёни фаъол гардид.
Солҳо гузаштанд. Рӯзи супурдани дипломҳо Насиба ҳамроҳи падар вориди толор шуданд. Падараш аз либосҳояш, ки бӯйи орду хамир мекарданд, шарм дошта, як кунҷакро интихоб карда, нишаст: мабодо духтараш назди ҳамсабақонаш хиҷолат шавад.
Вақте номи Насибаро барои гирифтани дипломи сурх эълон карданд, тамоми толор аз ҷо бархост, мавҷи қарсак баланд шуд, аз чашмони мард ашки шодӣ рехт.
Насиба дипломро гирифт, аз саҳна поён шуда, назди падар рафт. Дастони падарашро бӯсида гуфт: «Ман ин муваффақияти худро ба ҳамин нафаре мебахшам, ки як умр дастонаш дар оташи танӯр сӯхтанд, то ман ояндаи дурахшон дошта бошам».
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР
МЕҲМОНХОНА Ё БОШИШГОҲИ САҲРОӢ?
Иёлати Айдахои Амрико бо хоҷагидорони картошкапарвараш дар дунё машҳур аст. Сокини он Кристи Вулф бо ғояи ҷолибе хост шаҳомати иёлаташро афзояд. Ҳамин тавр, бо маблағи пасандознамудааш бинои хурде бунёд кард, ки он ба картошкаи азим монанд буд.
Дар рӯзҳои аввал Кристи онро дар ядаки мошини боркаш васл карда, тамоми шаҳру деҳаҳоро чарх мезад. Оқибат, аз ин шуғл дилгир шуд. Хост нақшаи аз ин ҳам ҷолибтареро амалӣ созаду мардумро ба ҳайрат орад. Барои ин, Кристи дар майдони фарохе бинои калони картошкашакл сохта, онро ба меҳмонхона табдил дод. Фарқияти он аз меҳмонхонаҳои дигар ин аст, ки бино тиреза надорад. Дар фасли зимистон мисли деҳотиён ҳуҷраҳои онро ба таври табиӣ – бо ҳезум гарм мекунанд. Имрӯзҳо барои будубош дар меҳмонхонаи саҳроӣ сайёҳон аз тамоми гӯшаву канори дунё ба Айдахо меоянд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ДАР 46 СОЛ 113 ЛИТР ХУН
Рекорди марди амрикоӣ
Сокини 69-солаи иёлати Монтанаи ИМА Дэн Райан бо сабаби аз ҳама бештар супурдани хун миёни мардон ба «Китоби рекордҳои Гиннесс» шомил гардид.
Ӯ тули солҳои донори хун буданаш, ба Салиби Сурх зиёда аз 113,5 литр хун супурдааст, ки тақрибан ба 344 қуттии нӯшокии “Coca-Cola” баробар аст. Дар ҳоле ки дар бадани як шахси калонсол, одатан, ҳамагӣ аз 4,5 то 5,6 литр хун мавҷуд аст.
Дэн Райан бори аввал соли 1980 бо ташвиқи бародараш донори хун шуд. Гарчанде аз сӯзандору метарсид, ба ин иқдом розӣ гардид. Аз он вақт танҳо як маротиба ба муддати се сол, бинобар табобати вараҷа, донорӣ накардааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ТОҶИК
Ё МУҲРИ ТАСДИҚ БА МАНСУБИЯТИ МИЛЛИИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО
Ричард Фрай, шарқшиноси амрикоӣ:
– Ибни Сино ва дигар бузургони замонаш эрониёни шарқӣ (тоҷикон) буданд. Забони модарии онҳо форсӣ-тоҷикӣ буд, танҳо забони илмашон арабӣ.
Ҷорҷ Сартон, таърихдони белгиягию амрикоӣ:
– Ибни Сино машҳуртарин олим ва яке аз намоёнтарин мутафаккирони нажоди эронӣ (тоҷикӣ) дар тамоми давру замонҳо мебошад.
Анри Корбен, файласуф ва шарқшиноси фаронсавӣ:
– Сино вориси асили ҳикмат ва тафаккури шарқӣ буд. Осораш, бавижа “Донишномаи алоӣ”, заминагузори забони илмии форсӣ-тоҷикӣ гардид ва нишон дод, ки забони модарии ӯ чи қадар ғанӣ ва тавоно аст.
PS: Ибни Сино соли 980 дар Бухоро – он замон пойтахти давлати Сомониён – нахустин давлати мутамаркази тоҷикон, ба дунё омада, аввалин китобаш таҳти унвони “Донишнома” бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ, нашр шудааст. “Қонуни тиб” ва “Шифо” танҳо ба ин далел бо забони арабӣ навишта шудааст, ки дар асрҳои миёна арабӣ забони байналмилалии илм буд.
Таҳияи Ф. РАҲМОНИЁН
ҒАМХОРӢ нисбати муштарии доимӣ
Кирк Александр солҳо боз ҳар рӯз хӯрок фармоиш медод. Кормандон одати ӯро аз худ карда буданд. Ногаҳон фармоиш қатъ мегардад, мудир ба ин таваҷҷуҳ менамояд. Ронандае, ки ба ӯ хӯрок мерасонд, ба хабаргирии ӯ меравад.
Чун ба хонаи Кирк рафта, дарро тақ-тақ мезанад, дар ҳоле ки чароғ фурӯзон буд, дарро ҳеҷ кас намекушояд. Ӯ барои ворид шудан ба хона, кумак хост. Вақте ронанда дохили хона шуд, Киркро дар аҳволи вазнин пайдо намуд ва сари вақт ӯро ба беморхона бурд. Кирк зинда монд ва ба онҳое, ки нисбат ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд, изҳори сипос кард.
Баъзан ғамхорӣ нисбат ба муштарии доимӣ ҷони касеро наҷот медиҳад.
Таҳияи Мавлуда ОДИНАЕВА
БРАЙАН ҶОНСОН
Талош барои пир нашудан ва нуқси бадан
Брайан Ҷонсон, соҳибкори амрикоӣ, биоҳакери аввали ҷаҳон аст, ки ба ҷовидонагӣ дилбастагӣ дорад. Ӯ хонаи худро ба озмоишгоҳи тиббӣ табдил додааст, табибон барои ӯ кор мекунанд ва ҳеҷ гоҳ бе электродҳо ва сенсорҳое, ки баданашро назорат мекунанд, қадаме намегузорад. Барои ҷавонтар шудани худ, ӯ парҳез ва реҷаи ҳаррӯзаро риоя мекунад. Ӯ, инчунин, чанд маротиба плазмаи хуни писари 17-солаашро ба бадани худ гузарондааст.
Бо вуҷуди талошҳои чандинсола барои то ҳадди имкон суст намудани раванди пиршавии бадан ва хароҷоти солонаи тақрибан ду миллион доллар, ба ӯ ташхиси гастрити аутоиммунӣ гузошта шуд. Ин бемориест, ки боиси тадриҷан нобуд шудани ҳуҷайраҳои меъда ва халалдор гардидани ҷаббидашавии витамини B12 ва оҳан мегардад, ки дар натиҷа, хатари камхунӣ ва саратони меъда афзоиш меёбад.
Ба гуфтаи соҳибкор, тибби муосир ҳанӯз наметавонад ин бемориро комилан табобат намояд ва ӯ изҳор дошт, ки ният дорад роҳҳои нави мубориза бо ин бемориро ҷустуҷӯ менамояд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БОЯД МЕДУЗДИДӢ…
Аз суҳбати адвокат бо гумонбар:
– Боварам намеояд, ки ту пурра бегуноҳ бошӣ. Наход ҳамаи гуфтаи шоҳидон дурӯғ бошад?
– Ба виҷдонам қасам, туҳмат аст. Як дирам ҳам надуздидаам.
– Афсус, бояд медуздидӣ.
– Чаро афсус? Барои чӣ медуздидам?
– Агар медуздидӣ, аз се ду ҳиссашро гирифта, ман ҳар дуямонро аз ташвиш озод мекардам.
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
Эълони фаврӣ!
Субҳи имрӯз гурӯҳи номаълум аз бонки хусусии шаҳр 350 ҳазор рублро рабуда, ба тарафи номаълум ғайб задааст. Барои сари вақт дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашидани гумонбарон роҳбарияти бонк ба мақомоти тафтишотӣ яку ним миллион рубл пешпардохт намудааст.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
Муаллифи беҳтарин голи Ҷоми ҷаҳон 2026 муайян шуд
Бинобар иттилои хадамоти матбуоти ФИФА, ҳимоятгари тими миллии Кабо-Верде Сидни Кабрал муаллифи беҳтарин голи Ҷоми ҷаҳон 2026 аз рӯйи раъйдиҳии мухлисон дониста шуд.
Зимни бозии даври 1/16 ниҳоӣ байни дастаҳои Аргентина ва Кабо-Верде Сидни Кабрал дар дақиқаи 103-юми вақти иловагӣ бо як маҳорати олӣ тӯбро ба қисми болоии дарвозаи Эмилиано Мартинес ворид намуд, ки мухлисон ин голи ӯро беҳтарин дар Ҷоми ҷаҳони 2026 донистанд.
Дар овоздиҳӣ Сидни Кабрал аз Элдор Шомуродов (Ӯзбекистон) ва Вилсон Изидор (Ҳаити), ки мутаносибан ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол карданд, пеш гузашт. Ҳамчунин, барои дарёфти ин ҷоиза Килиан Мбаппе (Фаронса), Лионел Месси (Аргентина), Ҷуд Беллингем (Англия) ва Ферран Торрес (Испания) довталаб буданд.
Аз русӣ тарҷимаи С. АШУРОВ
БОРОНИ АЛМОС
Дар сайёраҳои Муштарӣ (Jupiter) ва Зуҳал (Saturn) борони алмос меборад. Фишори баланд ва ҳарорати шиддатнок дар атмосфераи ин сайёраҳо гази метанро аввал ба ангишт ва баъд ба алмосҳои сахт табдил медиҳанд.
Таҳияи Ҷӯрабег НЕГМАТОВ
Фирори морҳо аз ферма дар Чин
Дар минтақаи мухтори Гуансии Чин бар асари обхезиҳои шадид як фермаи парвариши морҳо осеб дида, тақрибан 800-900 мор, аз ҷумла кобраҳои заҳрнок, аз қафасҳо фирор кардаанд.
Мақомот аз сокинон хостаанд, ки ба морҳо наздик нашаванд ва дар сурати дидани онҳо фавран ба хадамоти дахлдор хабар диҳанд. Барои ҷустуҷӯ ва дастгир кардани морҳо гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ ва ихтиёриён сафарбар шудаанд.
Дар муассисаҳои тиббии шаҳри Ҳенчжоу доруи зидди заҳри мор захира карда шуда, низоми расондани ёрии таъҷилӣ тақвият ёфтааст.
Мақомот дар бораи ҳалок шудани касе бар асари газидани морҳои фироркарда расман хабар надодаанд.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
Боғи миллии ботаникии
Мирабел
Боғи Мирабел дар шаҳри Залсбург (Австрия) соли 1606 сохта шуда, мероси фарҳангии ЮНЕСКО маҳсуб меёбад. Боғ соли 1690 аз нав таъмир гардид.
Дар ин боғ шумо метавонед шумораи зиёди фаввораҳои зеборо мушоҳида кунед, ки дар як давра бо катҳои гулҳои хурд шинонда шудаанд. Боғ пайроҳаҳои васеъ барои сайругашт дорад, ки ду тарафи онро дарахтони гуногун оро додаанд.
Бинанда метавонад дар боғ муҷассамаҳоро низ тамошо кунад, зеро он як қисми таърихии шаҳри Залсбург аст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
НОМА
Писаре, ки баъд аз вафоти модар пайваста мегирист ва хӯру хобро ҳам фаромӯш кард. Рӯзе чун ба ҳуҷраи модараш даромад, рӯйи миз халтаи дору ва зери халта номае дид. Дар нома чунин навишта шуда буд: «Медонам, ки бисёр гиря кардӣ! Эҳтимол гулуят дард мекунад. Ин доруҳоро бихӯр ва бихоб писарам».
Ин матни кӯтоҳ муҳаббати беандозаи модарро нишон медиҳад, ки ҳатто баъд аз марг ҳам дар фикри фарзандаш аст.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
БОХТИ АРГЕНТИНА ДОҒИ ҶУДОӢ ДАР МАЛАЙЗИЯ ШУД
Як зани малайзиягӣ иддао кардааст, ки шавҳараш пас аз шикасти Аргентина дар финали чемпионати ҷаҳон аз ӯ ҷудо шудааст. Ба гуфтаи ӯ, сабаб шарти ғайриодие буд, ки шавҳараш бо дӯсташ баст.
Тавре “Asia One” бо истинод ба як пости “Threads” хабар медиҳад, мард ваъда додааст, ки агар Аргентина мағлуб шавад, аз занаш ҷудо мешавад. Пас аз бозӣ, занашро се талоқ дода, гӯё ваъдаашро иҷро кардааст.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
ГАРОННАРХТАРИН МУСАВВАРАИ ОЛАМ
Бино ба иттилои сомонаҳои интернетӣ, мусаввараи Леонардо да Винчи «Наҷотбахши олам» (Salvator Mundi, солҳои таълиф 1499 – 1510) гароннархтарин расми олам ба ҳисоб меравад.
Гуфта мешавад, ки мусаввараро соли 2017 дар музоядаи Christie's шоҳзодаи Арабистони Саудӣ Бадр бин Абдулло бин Муҳаммад бин Фарҳан оли Сауд бо арзиши 450,3 миллион доллари ИМА харида буд.
Таҳияи Нушофарин АБДУЛЛО
Аввалин мошин дар рӯйи Моҳ
Дар ҳамин рӯз, яъне 31-уми июли соли 1971, ҳангоми парвози кайҳонии «Аполлон – 15» инсон бори аввал аз мошини махсуси моҳгард дар рӯйи Моҳ истифода кард.
Кайҳоннавардони амрикоӣ Дэвид Скотт ва Ҷеймс Ирвин бо ин восита дар минтақаи кӯҳии Ҳадли – Аппенин ҳаракат карда, масофаҳои бештарро тай намуданд ва намунаи сангҳои дар Моҳбударо ҷамъ оварданд.
Ин рӯйдод марҳалаи нав дар омӯзиши Моҳ гардид, зеро баъд аз он имкониятҳои таҳқиқоти сатҳи моҳвора хеле васеъ шуданд. Мошини моҳгард нишон дод, ки инсон метавонад на танҳо ба Моҳ фурӯд ояд, балки дар он ҷо фаъолона кору таҳқиқот анҷом диҳад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ХОМӮШАК ХАТАРНОКТАРИН ҲАШАРОТ БАРОИ ИНСОН
Кадом ҷонвар бештар аз ҳама одамонро мекушад? Мор? Наҳанг? Хато мекунед. Ҷонваре, ки аз ҳама бештар одамонро мекушад, хомӯшак аст – дар як сол 725 000 нафар. Барои мисол, шерҳо – ҳайвони даранда – дар як сол 200 нафарро мекушанду тимсоҳҳо 1000 нафарро. Ҳатто куштори инсонҳо аз дасти худи одамон дар як сол 400 000 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, хомӯшакҳо хатарноктарин ҳаша-роти ҷаҳон мебошанд. Онҳо ҳар сол тақрибан 725 ҳазор нафарро бо роҳи паҳн кардани бемориҳое, аз қабили вараҷа (малярия), ба ҳалокат мерасонанд.
Таҳияи Сайфиддин СУННАТӢ
10 ФУТБОЛБОЗЕ, КИ ПАС АЗ КАРЙЕРА АЗ ФУТБОЛ ДУР ШУДАНД
3. ДИЕГО ФОРЛАН
Собиқ ҳамлагари “Атлетико”-и Мадрид Диего Форлани уругвайӣ яке аз беҳтарин футболбозони ҷаҳон ҳисобида мешуд. Пас аз Ҷоми ҷаҳонии соли 2010 дар Африқои Ҷанубӣ, ӯ ҳамчун беҳтарин бозигари мусобиқа Ҷоизаи "Тӯби тиллоӣ"-ро ба даст овард ва, инчунин, голзани беҳтарини мусобиқа шуд.
Пас аз рафтан аз футболи касбӣ дар соли 2014 Форлан тасмим гирифт, ки ба теннис машғул шавад.
Вақтҳои охир ба теннис ҷиддитар муносибат карда, мунтазам машқ мекунад. Моҳи июли соли 2023 Форлан дар мусобиқаи “MT 400” дар категорияи 35+ то чорякфинал роҳ ёфт. Охири моҳи ноябр дар Пунта-дел-Эсте ӯ ба нимфинали категорияи 40+ баромад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
