ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ТАЪИНОТИ КАДРӢ

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

22 январ 2025, Чоршанбе
67
0

 
21-уми январ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио ва як қатор муассисаҳои зертобеи Кумитаи телевизион ва радио, агентиҳои хизмати давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти иҷро, Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.
Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Суди Олӣ бозхонд намудани Шермуҳаммад Шоҳиён, аз вазифаи раиси Суди Олии иқтисодӣ бозхонд намудани Рустам Мирзозода, аз вазифаи муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ бозхонд намудани Азизбек Хайриддинзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан, аз вазифаи муовини раиси Суди Олӣ бозхонд намудани Исҳоқӣ Амирхон Нусратулло ва аз вазифаи судяи Суди Олӣ бозхонд намудани Шодмони Шамс бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва дар бораи раиси Суди Олӣ интихоб намудани Рустам Мирзозода ирсол гардид.
Роҳбарони якчанд вазорату кумитаҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифа озод гардида, кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба ва забондону соҳибтахассус ба вазифаҳои масъулу роҳбарикунанда таъин шуданд.
Зимни суҳбат Сарвари давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои соҳаҳои зикргаштаро ҳаматарафа таҳлилу баррасӣ намуда, ба кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазорату идораҳои давлатӣ ба фаъолият шуруъ карданд, доир ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба нафъи Ватан ва мардуми Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Таъкид шуд, ки дар фаъолияти роҳбарӣ ба таъмини адолати судӣ ва волоияти қонун дар ҷомеа, тарғибу ташвиқи фарҳанги волои миллӣ тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма, тарбияи кадрҳои ҷавону варзидаи забондону кордон, аз ҷумла дар соҳаи фарҳангу рӯзноманигорӣ, омодасозии варзишгарони сатҳи ҷаҳонӣ дар навъҳои миллию олимпии варзиш ва ба истифодаи босамару ҳадафманди маблағҳои буҷетӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Санаи нашр: 22.01.2025 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив