СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧӢ ГУНА ИНКИШОФ МЕЁБАД?

24 январ 2025, Ҷумъа
56


Дар ҷаҳони муосир инноватсияҳо ба тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти инсон ворид мешаванд. Фаъолияти соҳибкорӣ ин ҷо истисно нест. Истифодаи моҳиронаи идеяҳои навоварона, усулҳои технологии пешбурди тиҷорат, истеҳсол ва паҳн кардани дастгоҳҳои баландтехнологӣ ва таҷҳизоти ҳаррӯзаи рӯзгор – ҳамаи ин фаъолияти инноватсионии соҳибкорӣ мебошад. Биёед мефаҳмем, ки ин навъи муосири фаъолияти соҳибкорӣ дар Точикистон чӣ гуна инкишоф меёбад?

ТАВАҶҶУҲИ ҲУКУМАТ БА ОН
Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз воситаҳои муҳими рушди устувори иқтисодиёти мамлакат маҳсуб ёфта, саҳми он дар таъмини шуғли пурмаҳсул ва рушди истеҳсолоти ватанӣ назаррас мебошад. Ҳукумати мамлакат бо таваҷҷуҳи хоса ба фаъолияти соҳибкорӣ пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва дигар дастгириҳоро пешбинӣ менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии бахши хусусиро ҳамвора муҳим шумурда, фароҳамоварии шароити рушди соҳибкории ватаниро пайваста таъкид менамоянд. Тавре Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (28.12.24) гуфтанд: «Ҳукумати мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ  пайваста чораҷӯӣ  карда истодааст». Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2025, таҳти №915 ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2027-ум мораторий эълон карда шуд. 

ЗАМИНАҲОИ ТАШАККУЛ ГУЗОШТА ШУДААНД
Қадамҳои аввал барои рушди соҳибкории инноватсионӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар гузариш ба шакли саноативу инноватсионии кишвар гузошта шудааст. Ин дар Стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар барномаву санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ возеҳу равшан пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, бо ин мақсад дар кишвар Маркази миллии патенту иттилоот, Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ, Фонди рушди инноватсия ва саноат, «Саноатсодиротбонк», Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе ва дигар марказу муассисаҳо фаъолият менамоянд, ки, бешубҳа, далели возеҳи мавҷуд будани заминаҳои дастгирии давлатии соҳибкории инноватсионӣ дар кишвар мебошанд.  
Айни замон дар қонунгузории амалкунандаи мамлакат ҷиҳати таъмини рушди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ низоми содакардашудаи андозбандӣ барои фаъолияти инноватсиониву технологӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод будани воридоти техникаи таъиноти кишоварзӣ, таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ барои истифодаи худи субъектҳо ва ҳоказо мебошад. Албатта, натиҷаи инро мо дар бунёди корхонаҳои зиёди хурду бузурги саноатӣ мебинем, ки сол ба сол шумораашон дар мамлакат меафзояд. Саҳми соҳибкорони ватаниро дар таъсиси корхонаҳои саноативу ҷойҳои нави корӣ, пешбурди иқтисодиёти мамлакат, мусоидат ба ташаккули ММД, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ наметавон нодида гирифт. Корҳои бунёдкориву созандагӣ аз тарафи онҳо рӯз то рӯз вусъати тоза пайдо мекунад.

МУШКИЛИ АСОСИИ РУШДИ ИННОВАТСИЯ
Аммо бо вуҷуди тамоюлҳои мусбати рушди соҳибкорӣ, сифати рушди он, аз ҷумла рушди соҳибкории инноватсионӣ бо назардошти имкониятҳои мавҷуда ва гузариш ба саноатикунонии босуръат ҳанӯз қонеъкунанда нест. Мушкили асосии инро олимони ватанӣ, пеш аз ҳама, дар набудани ҳамкориву алоқамандӣ байни илму истеҳсолот мебинанд. Албатта, камтаваҷҷуҳӣ ба фаъолияти инноватсиониву навоварӣ сабабҳои зиёд дорад, вале асоси он дар мавҷуд набудани ҳамгироии илму истеҳсолот аст. Гарчанд ҳамасола дар кишвар тадқиқотҳои илмӣ гузаронда шуда, патент гирифта мешавад, ин патентҳо дар рӯи коғаз ҳамоно боқӣ монда, ба истеҳсолот ворид намегарданд. Даҳҳо дастовардҳои олимонро метавон мисол овард, ки интизори соҳибкори корчалону маблағгузорӣ аст. Ин дар ҳолест, ки дар ҷаҳони муосир соҳибкорон ҳарчи бештар ба фаъолияти инноватсионӣ рӯ оварда, тавассути истеҳсоли ихтирооти техникиву технологӣ ва паҳн намудани он дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳам фоидаи ҳангуфт ба даст меоранд ва ҳам зисти одамон ва фаъолияти онҳоро осонтар мегардонанд.  

ЧӢ КОР МЕТАВОН КАРД? 
Ҳамин тариқ, мушкили асосии рушд наёфтани ибтикороти инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин набудани таваҷҷуҳ ба дастовардҳои илмӣ аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон мебошад. Коршиносони ватанӣ дар ин хусус пешниҳод доранд, ки ба соҳибкорон барои дар истеҳсолот ҷорӣ кардани ихтирооти илмӣ имтиёзҳои андозиву қарзӣ пешбинӣ гарданд. 
Воқеан ҳам, яке аз роҳҳои расидан ба рушди инноватсионӣ дар кишвар ин ҷалб ва ҳавасмандсозии соҳибкорону сармоягузорон ба дастовардҳои илмии ватанӣ мебошад. Аз ҷониби дигар, дар ин самт, албатта, омодагии касбии соҳибкорон ба талаботи замон, омодагии онҳо барои маблағгузорӣ ба татбиқ ва ҷорисозии навовариҳои илмӣ ва саъю талоши бештар дар ин роҳи пурмашаққату пурумед мебошад. Имрӯз пешбурди фаъолияти соҳибкории инноватсионӣ ва сармоягузорӣ бисёр муҳим аст, зеро ин намуди фаъолият на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми ҷаҳон як қадам ба пеш аст. 

Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18