ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУШДИ ВАРЗИШ

РУШДИ ВАРЗИШ

24 январ 2025, Ҷумъа
45
0


Тақвияти ҳамкориҳо бо Шурои олимпии Осиё 
22-уми январ директори генералии Шурои олимпии Осиё, президенти Федератсияи ҷаҳонии варзишҳо дар об Ҳусайн ал-Мусаллам бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.
Зимни мулоқот бо роҳбарияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон масъалаи тақвияти ҳамкориҳои минбаъда, хусусан иштироки фаъолонаи ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи Осиё ва Бозиҳои осиёии наврасон дар соли равон баррасӣ шуд. Раиси Федератсияи гӯштингирии Тоҷикистон Лоиқ Бегиҷонзода низ, ки дар мулоқот ҳузур дошт, ба директори генералии Шурои олимпии Осиё гӯштини миллии тоҷикиро муаррифӣ намуда, масъалаи дар оянда ба барномаи Бозиҳои Осиё ворид кардани варзиши гӯштингириро матраҳ карданд.
Дар доираи сафар меҳмонон аз Осорхонаи “Шарафи олимпӣ”, “Кохи Наврӯз” дидан намуда, бо шароит ва имконоти варзишҳои обӣ дар пойтахти кишвар Мактаби ҷумҳуриявии махсуси варзишӣ оид ба намудҳои обӣ, Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ  шинос гардиданд.
Ҳусайн ал-Мусаллам, инчунин, дар толори варзишии Парвиз Собиров рафти тамринҳои гӯштингирро тамошо кард. Мураббиён ва паҳлавонон усулҳои зебои варзиши гӯштингириро намоиш ва ба меҳмонон дар бораи гӯштини миллӣ маълумот доданд.
Ҳусайн ал-Мусаллам зимни суҳбат гуфт: «Ин аввалин сафари ман ба ин кишвари зебо нест. Тоҷикистон кишвари аҷиб аст ва мо бо Кумитаи олимпии Тоҷикистон ҳамкории судманд дорем. Ҷиҳати рушди варзиш бисёр масъалаҳое ҳастанд, ки мо онҳоро муҳокима кардем. Умед мекунем, ки аз Тоҷикистон дар шиноварӣ чемпионҳо пайдо мешаванд».


ФУТБОЛ
Ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷоми Осиё-2025 муайян шуданд
23-юми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур (Малайзия) қуръакашии Ҷоми Осиё-2025, ки 3-20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ доир мегардад, баргузор шуд. 
Тибқи он, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ҳамроҳ бо тимҳои Эрон, Уммон ва ҶХД Корея дар гурӯҳи «D» қарор гирифт. Ҳамагӣ шонздаҳ даста ба чор гурӯҳ – «А», «В», «С» ва «D» тақсим шуданд. Дар асоси низомнома, аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чорякфинал роҳ меёбанд ва соҳиби роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор хоҳад шуд.
Сармураббии тими мунтахаби наврасони кишвар Марко Раҷини натиҷаи маросими қуръакашии марҳалаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025-ро чунин шарҳ дод: «Шомили гурӯҳи қавие гардидем. Дар марҳалаи интихобӣ дар Сингапур бо дастаи Уммон бозӣ карда будем. Мунтахаби хуб аст. Дастаи Эрон барои мо ба хубӣ ошно мебошад, чунки дар мусобиқаҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ чандин маротиба бо ҳам вохӯрдаем. Бозиҳои мо ҳамеша душвор мегузаштанд. ҶХД Корея дар марҳалаи интихобӣ дар як гурӯҳ бо Эрон бозӣ карда, бо ҳисоби 4:1 пирӯз шудааст. Ин даста аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва тактикӣ хуб омода аст. Хулоса, дар Арабистони Саудӣ мо бо дастаҳои қавӣ бозиҳои хеле душвор хоҳем дошт. Ман ба даста ва бозигарон боварӣ дорам. Умед дорам, ки мо дар Ҷоми Осиё-2025 ба мақсадҳои худ мерасем».


БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
Универсиадаи зимистона бо пирӯзии Фаронса анҷом ёфт
32-юм Бозиҳои зимистонаи донишҷӯён, ки 13-уми январ дар шаҳри Турини Италия шуруъ гардида буд, 23-юм январ бо пирӯзии ҳайати варзишии Фаронса хотима ёфт. Онҳо 40 медал – 18 тилло, 8 нуқра, 14 биринҷӣ ба даст оварданд.
Ҷумҳурии Корея бо ба даст овардани 20 медал (8-6-6) дар ҷойи дуюм, Финландия бо 15 медал (8-3-4) дар зинаи сеюм мавқеъ гирифтанд. Умуман, намояндагони 28 давлат соҳиби медал шуданд.
Ба барномаи Универсиадаи зимистона 11 намуди варзиш шомил буд ва донишҷӯ-варзишгарон аз 54 давлат барои 90 маҷмуи медалҳо талош карданд.
Яке аз нуктаҳои муҳими чорабинӣ шомил кардани пара-варзишгарон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи бозиҳо буд. Раиси Кумитаи тадорукоти Универсиадаи зимистона Алессандро Скиретти гуфт: "Мо пара-Универсиадаро барои варзишгарони маъюб таъсис додем. Онҳо дар як шароит рақобат карданд. Ин як паёми рӯшан ба ҳаракати олимпӣ аст: зарурат ба ду чорабинии ҷудогона нест. Мо нишон додем, ки фарогирӣ дар як мусобиқа имконпазир аст".
Италия як сол пас – 2026 мизбони боз як чорабинии сатҳи ҷаҳонист: Бозиҳои 25-уми зимистонаи олимпӣ. Олимпиадаи зимистона дар шаҳрҳои Милан ва Кортина доир мегардад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, 
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 24.01.2025 №: 18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив