2024.МАРҲАЛАИ НАВ ДАР РОҲИ ФАРДОИ ДУРАХШОН
Соли 2024 барои сокинони вилояти Суғд соли музаффариятҳои нав буд, ки аз файзи қадамҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар гӯшаи он ба гулзор мубаддал гашт. Ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои нав, муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ намунае аз дастовардҳо бошанд, дасти навозиш гузоштан ба сари ятимону бепарасторон ва чун ҳамеша фарзанд хондани онҳо аз ҷониби Роҳбари давлат муҳаббат ба Президенту садоқат ба ин сарзаминро дар қалбҳо афзун кард.
«ТИТАН 8888»
100 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд
Нахустин сафари кории Сарвари давлат ба вилояти Суғд соли гузашта 9-11-уми апрел ҷараён гирифта, бо ифтитоҳи як силсила иншооту корхонаҳои истеҳсолӣ оғоз ёфт. Аз ҷумла, Пешвои миллат 9 апрел ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Титан 8888”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар корхонаи нави саноатӣ, асосан, радиатор – таҷҳизоти гармидиҳӣ, дегҳои гуногунҳаҷм барои рӯзгор ва чароғакҳо истеҳсол мешаванд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар корхона бо истифода аз хатҳои муосири технологӣ, ки аз ширкатҳои бонуфузи Чин, Туркия ва Русия харида шудаанд, дар як моҳ 500 тонна ва дар як сол 6 ҳазор тонна партови алюминий коркард ва аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол мешавад. Ҳоло дар корхона истеҳсоли 2 намуди таҷҳизоти гармидиҳӣ, 3 намуд чароғакҳо ва зиёда аз 20 намуд дег барои рӯзгор бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.
Маҳсулоти дохилӣ бозори ҷаҳонӣ меравад
9-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бӯстон ташриф оварда, дар коргоҳи истеҳсоли ванадийи коргоҳи фаръии “Истеҳсоли гидрометаллургӣ” бо хатти истеҳсолӣ пас аз навсозӣ ва барқарорсозӣ шинос шуданд.
Коргоҳ иқтидор дорад, ки дар як сол то 200 тонна маҳсулот ба бозорҳои ҷаҳонӣ пешниҳод кунад. Маҳсулот таъиноти содиротӣ дошта, ба Федератсияи Русия, кишварҳои Аврупо ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот мешавад. Ҳоло дар он 60 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шуда, қарор аст дар марҳалаҳои баъдӣ, шумораи кормандон ба 150 нафар расонда шавад. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дурнамои рушди Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва лоиҳаҳои бунёди «Корхонаи раванди холисгардонии тилло ва нуқра», «Корхонаи безараргардонии замин ва коркарди дубораи партовҳои саноатӣ» ва «Маркази муосири логистикӣ» шинос шуданд.
Аз ифтитоҳи кӯдакистон то тақдими туҳфа ба ятимон
Ҳамчунин, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти томактабии “Мусаффо”-ро мавриди истифода қарор доданд, ки аз ду ошёна иборат буда, барои 120 кӯдак пешбинӣ шудааст. Муассиса ҳамчунин дорои ошхона, толорҳои варзишу мусиқӣ, ҳуҷраи тиббӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Ин сафар, ки дар арафаи Иди саиди Фитр ба вуқуъ пайваст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 80 ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд. Сарвари давлат бо наврасони ятим, ки аз шаҳрҳои Гулистону Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъ омада буданд, суҳбати гарму самимӣ ороста, онҳоро ба хониши хубу аъло даъват карданд.
Афзалият ба рушди саноати хӯрокворӣ
9-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти ҶДММ “Муосир-пласт” оғоз бахшиданд, ки дар он бо истифода аз се хатти технологӣ ва 50 намуди қолаб зарфҳои яккаратаи пластикӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ омода гардида, наздики 50 нафар баъд аз омӯзиш соҳиби кори доимӣ шуд.
Дар ҳамин ҷо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти корхонаи навтаъсиси “Муосир-пласт” ва дигар корхонаҳои саноатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муаррифӣ гардиданд.
Дар маҳаллаи Сарбанди шаҳри Гулистон бошад, коргоҳи коркарди моҳиро мавриди истифода қарор доданд.
Коргоҳи истеҳсолӣ дар як баст метавонад коркарди як тонна моҳӣ ва истеҳсоли беш аз 5000 қуттӣ консерви моҳиро ба роҳ монад. Дар корхонаи мазкур 50 сокини маҳаллӣ, ки аксариятро занону духтарон ташкил медиҳанд, дар ду баст бо ҷойи кор таъмин гардид.
ИСТАРАВШАН
Рушди назарраси шаҳри бостонӣ
10-уми апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан аз коргоҳи ҶДММ “Шамси ориён” боздид карданд.
Ҷамъияти мазкур, ки дар деҳоти Зарҳалол ҷойгир аст, моҳи марти соли 2023 ба фаъолият оғоз намуда, барои аҳолӣ, мақомоти давлатию идорӣ ва дигар муассисаҳои хоҷагидорӣ маҳсули кори ҳунармандон, аз қабили дуредгарӣ, кандакорӣ, сохтани дару тиреза, кат ва ҳама гуна коркарди чӯбу тахтаро пешниҳод месозад. Дар коргоҳ дастгоҳҳои автоматии фрезерӣ, нуқтаҳои рангубор, буриши чӯбу тахта ва кандакорӣ мавҷуд буда, 200 нафар дар он кор мекунад.
10-уми апрел бо иштироки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагии маркази саломатии №1-и шаҳр мавриди истифода қарор гирифт. Бинои нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардида, дорои 36 ҳуҷра ва иншооти ёрирасон мебошад.
Президенти кишвар дар шаҳри Истаравшан низ бо ятимон вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд. Зимни суҳбати самимӣ бо ятимон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ва ғамхории пайваста ба ятимону бепарасторон, оилаҳои ниёзманд, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани шароити зарурӣ барои ин табақаҳои аҳолӣ мавқеи меҳварӣ дорад.
Ба кор даровардани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нур-пак” аз дигар навгониҳое буд, ки дар доираи ҳамин сафари Пешвои миллат иттифоқ афтод.
Дар корхона ду хатти муосири технологӣ, ки аз кишварҳои пешрафта ворид гардидааст, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб шуда, 10 намуд халтаи полипропилении гуногунҳаҷм бо ғунҷоиши аз 5 то 70 килограмм истеҳсол мешавад. Маҳсулоти корхона ивазкунандаи воридот буда, дар дохили кишвар ба роҳ мондани он нисбат ба воридот аз хориҷа 20 маротиба бартарӣ дорад. Иқтидори истеҳсолӣ дар як сол аз 4 то 6 миллион дона халта мебошад.
Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Истаравшан дар маҳаллаи Равғангарон бинои нави маъмурии Ҷамоати деҳоти Гули Сурх ба истифода дода шуд. Ҳамон рӯз Пешвои миллат дар маҳаллаи Равғангарони шаҳри Истаравшан бинои гурӯҳи Гули Сурхи шуъбаи раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Бинои хизматӣ дар асоси талаботи муосир бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Инчунин, дар деҳаи Равғангарон бинои Муассисаи томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони №8-ро ба истифода доданд. Ин муассиса барои ба ғамхорӣ фаро гирифтани 140 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагони Муассисаи томактабӣ туҳфаҳо тақдим намуда, таъсиси кӯдакистонро дар тарбияи насли солиму худшинос ва ватандӯст муассир арзёбӣ карданд.
10-уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бо пардабардорӣ аз муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Исмоили Сомониро ифтитоҳ намуданд. Он бо назардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шуда, ба маркази шаҳри Истаравшан зебоии дигар бахшид.
Дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ҳунармандону сокинони шаҳри Истаравшан низ боздид намуданд.
Ба истифода додани қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан туҳфаи арзишманди Сарвари давлат дар доираи ин сафар буд.
Сарвари давлат дар бунёди
боғи интенсивӣ саҳм гузоштанд
11-уми апрел Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Минтақаи таълимию таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок карданд.
Минтақаи таълимӣ-таҷрибавии “Палос”-и Донишгоҳи давлатии Хуҷанд соли 1959 дар деҳоти ба номи Дадобой Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъсис ёфта, масоҳати он 25,96 гектар мебошад. Ҳоло дар минтақа зиёда аз 10000 бех ниҳолу буттаҳои мевадиҳандаву ороишӣ нашъунамо меёбад.
ХУҶАНД
Авҷи созандагиҳо дар маркази вилоят
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро, ки дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сирдарё” бунёд гардидааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Он ба истеҳсоли равғани пахта ва офтобпараст машғул буда, имкон дорад дар як сол то 18 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол намояд. Дар маҷмуъ, дар ин корхона 60 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кори доимӣ шуд.
Бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд маркази тиббии “Микролаб” низ мавриди истифода қарор гирифт, ки он дорои таҷҳизоти соҳавӣ ва шароити хуби ташхису табобат мебошад. Дар маркази мазкур табобати бемориҳои урологӣ-андрологӣ ва гинекологӣ ба роҳ монда мешавад.
11-уми апрел дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ гардид. Шароити он имкон медиҳад, ки таълим дар ду баст барои то 200 нафар ба роҳ монда шуда, дар як сол беш аз 2400 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шавад.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии “Наврӯзи Истиқлол” барои 840 кӯдак аз воқеаҳои дигари фараҳбахш буд. Кӯдакистон аз як бинои сеошёна иборат буда, дар он раванди таълиму тарбия бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
Сарвари давлат ба Маҷмааи таърихиву фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” ташриф оварданд, ки он ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст. Он пас аз барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Дар асоси лоиҳа, деворҳои атрофи қалъа, арку дарвозаҳои он барқарор гардида, бинои маъмурӣ, растаҳои ҳунармандон, ошхонаю чойхонаи миллӣ, намунаи хонаву ҳавлиҳои қадима, меҳмонхонаву осорхона, растаҳои болопӯшида барои омода намудани таомҳои мардумии тоҷикӣ, ҳаммому нуқтаҳои хизматрасонӣ ва иншооти ёрирасон сохта шудаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки навсозии Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» идомаи ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Ҳукумати кишвар мебошад.
АЗ БӮСТОН ТО ГУЛИСТОН
Қудуми Пешвои миллат файз дорад
7-уми сентябр Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Бӯстон оғоз ёфт.
Дар шаҳри Бӯстон Сарвари давлат, нахуст, бинои нави истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаро, ки дар гарнизони Суғд воқеанд, ба истифода доданд.
7-уми сентябр дар шаҳраки Сирдарёи шаҳри Гулистон бинои нави маркази саломатӣ ба истифода дода шуд, ки дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд.
Ҳамон рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон дар доираи Солҳои рушди саноат ду коргоҳи саноатӣ: Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абдуллоев Саидбой» ва Корхонаи металлургии тоҷикро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар ҶДММ «Абдуллоев Саидбой» истеҳсоли ноқили барқӣ ва лӯла ба роҳ монда шуда, иқтидори тавлидотии коргоҳи истеҳсоли ноқили барқӣ 300 ҳазор метри тулонӣ дар моҳ мебошад.
Корхонаи металлургии тоҷик бошад, дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Ӯзбекистон бунёд шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии прут ва арматура равона гардидааст.
Ифтитоҳи ҶДММ “Доруи Суғд” бо иштироки Сарвари давлат аз дигар рӯйдодҳои муҳиме буд. Ин дуюмин корхонаи дорусозӣ дар шаҳри Гулистон маҳсуб ёфта, дорувории он бо истифода аз меваю сабзавот, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва қисман аз ҳисоби воридоти ашёи хом истеҳсол мешавад. Дар корхона 60 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, имкон дорад дар як сол истеҳсоли 30 миллион бастаҳои дору ва ғилофак, як миллион зарфи суспензия, 500 ҳазор зарфи маҳлулҳо барои истифодаи беруна ва 1,5 миллион қуттии малҳамро ба роҳ монад.
Инчунин, Пешвои миллат бо пахши тугмаи рамзӣ 3 гидроагрегати НБО «Қайроққум»-ро баъди навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Қобили зикр аст, ки шуруъ аз соли 2019 бо иқдому ташаббусҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои навсозӣ дар иншоот оғоз гардида, дар муддати беш аз панҷ сол гидроагрегатҳои № 4, 5 ва 6-и Неругоҳ навсозӣ ва иқтидори ҳар яки онҳо аз 19 МВт-и пешина ба 29 МВт баланд бардошта шуд.
ДУРАХШИ АШТ
Боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Ашт таърихиву фаромӯшнопазир буд. Зеро бо қудуми мубораки Сарвари давлат дар ноҳия як қатор коргоҳу иншооти муҳим мавриди истифода қарор гирифта, ҷойҳои нави корӣ фароҳам омаданд.
Пешвои миллат 8-уми сентябр, нахуст, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти ҶДММ “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд.
Масоҳати умумии ҳавзҳои суперинтенсивӣ 10 гектар буда, дар он бештар аз 100 ҳазор моҳӣ парвариш меёбад.
Бо иштироки Сарвари давлат, ҳамзамон, корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ “Рахшона” баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дар он 40 ҳазор паранда нигоҳубин мешавад. Дар фермаи чорвопарварӣ бошад, чорвои калони ширӣ парвариш ёфта, ҳамарӯза наздики 200 литр шир ба корхонаҳои коркарди ҷамъият супурда мешавад.
Сарвари давлат дар ноҳия бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Абдуҷаббор” шинос шуда, дар корхонаи ресандагии ҶДММ “Саноати Ашт” бо 100 ятим аз як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти самимӣ анҷом доданд. Ба онҳо туҳфаҳои идона иборат аз сарулибос, лавозимоти хониш ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.
Бояд гуфт, ки Сарвари давлат ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ “Саноати Ашт” расман оғоз бахшиданд.
Корхонаи ресандагӣ нахустин корхонаи ширкати “Саноати Ашт” мебошад, ки бо мақсади коркарди нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти нимтайёру ниҳоӣ ва бунёди ҷойҳои кор таъсис дода шуд.
Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона коркарди зиёда аз 5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли ришта аз он мебошад, ки дар он беш аз 400 сокини деҳоти ноҳия бо кори доимии баландмузд таъмин гардид.
Дар маҷмааи корхонаҳои истеҳсолии ширкати “Саноати Ашт” корхонаҳои дӯзандагию ҷуроббофӣ ва пойафзолдӯзӣ низ мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар корхона барои 35 бонуи маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам шуда, дар он либосҳои занона, мактабӣ, махсуси корӣ ва варзишӣ дӯхта мешаванд.
Тавре иттилоъ дода шуд, дар назар аст, ки ҶДММ “Саноати Ашт” чор корхонаю коргоҳи нав бунёд менамояд.
Баъд аз ифтитоҳи коргоҳу иншооти зикршуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо роҳбарону фаъолони вилоят мулоқот намуданд.
Ду корхонае, ки иқтидори саноатии Хуҷандро афзун мекунад
9-уми сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатии “Ситораи тоҷ” ва “Лидер”-ро, ки ҳар ду дар як бино ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд. “Ситораи тоҷ” бо ҷалби сармояи хориҷӣ бо сифати баланду ҷавобгӯи талаботи меъморӣ сохта шуда, дар як сол имкон дорад, то 120 ҳазор маҷмуъ сарулибоси махсус ва ягонаи корӣ ва зиёда аз як миллион сарулибоси трикотажиро дар асоси дархост омода созад.
Сарвари давлат дар ин ҷо, ҳамзамон, бо раванди фаъолияти корхонаи дигари тозабунёд – ҶДММ “Лидер”, ки дар шафати корхонаи “Ситораи тоҷ” ҷойгир аст, шинос шуданд. Бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ корхона имкон дорад, ки дар як рӯз то 800 шими ҷинс омода намояд. Ҳамон рӯз Президенти мамлакат ба фаъолияти ҶДММ Корхонаи инноватсионии "САМО" оғоз бахшиданд. Самти асосии фаъолияти корхона истеҳсоли дастгоҳу таҷҳизоти гуногуни барқӣ буда, дар он зиёда аз 60 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардид, ки музди меҳнаташон аз 2 то 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 10 ҳазор дона таҷҳизоти гуногуни барқӣ аст.
Ҳамчунин, Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти коргоҳи нави истеҳсоли гӯшти мурғ ва ҳасиби ширкати “Сайҳун” оғоз бахшида, бо фаъолияти корхонаи дӯзандагии Тоҷикистону Корея – ҶДММ “Ориён Ҷей Текстайл”, шинос шуданд ва барои бунёди марҳалаи дуюми корхона санги асос гузоштанд. Дар корхона истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ, аз ҷумла шиму костум, шимҳои ҷинс, либосҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои либосворӣ бо тарҳу услуби муосир ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави шуъбаи тиббии раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро мавриди истифода қарор дода, дар маркази савдо ва хизматрасонии “Истиқлол Авеню” бо ятимони шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ доир намуданд ва ба онҳо туҳфаҳои арзишманд тақдим карданд.
Шоми ҳамон рӯз Сарвари давлат дар маркази вилоят дар ҳамоиши идона ба ифтихори 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
КОНИБОДОМ
Баракати сафари Пешвои миллат
10-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд.
Дар шаҳри Конибодом Сарвари давлат, нахуст, хатти оби полизии шохоби дарёи Сир барои обёрии 2500 гектар замини деҳаҳои Сомониён, Кӯчкак, Файзбор, Бекобод ва Хамирҷӯйро мавриди истифода қарор доданд.
Дар идомаи сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои наву замонавии МТМУ №48 иштирок намуданд. Бинои мактаб дуошёна ва дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ буда, барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба наврасони ятиму бепарастор ҳамеша ғамхории падарона зоҳир мекунанд, дар тарабхонаи замонавии “Хосият” ба 80 навраси ятими шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Исфара, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Спитамен ва Зафаробод маҷмуи сарулибоси ягонаи мактабӣ, лавозимоти хониш, пойафзол ва маблағҳои пулӣ тақдим намуданд.
Дар ин шаҳр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Конибодом – Кӯчкак шинос шуданд.
Қобили зикр аст, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти байналмилалии роҳ, он аз рӯйи дараҷаи техникии якум ва сеюми роҳсозӣ бунёд мешавад. Дар чор қитъаи навшавандаи роҳҳои мошингарди вилояти Суғд навсозии 11 пул бо дарозии умумии 457,3 метр низ дар назар аст.
«Фароғат» ва «Неруи Канд»
Аз истеҳсоли пойафзол то бандубасти меваи хушк
10-уми сентябр дар шаҳри Конибодом бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фароғат” ба фаъолият оғоз кард.
Дар коргоҳ 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардида, тибқи дурнамо, бо роҳандозии кор дар ду баст шумораи коргарон то ба 45 нафар хоҳад расид.
Баъди мавриди истифода қарор додани ин корхонаи истеҳсолӣ, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди истироҳатгоҳи маърифатии физикӣ-математикии назди Муассисаи таълимии махсуси ба номи Очилбой Ҷӯраев шинос шуда, ба масъулон барои дар сатҳи баланд бунёд намудани истироҳатгоҳи мазкур дастуру тавсияҳо доданд.
Сарвари давлат ҳамон рӯз дар шаҳри Конибодом боз ду иншооти дигар – биноҳои МТМУ №1-уми “Нури Робия” ва Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-юми “Ситора”-ро (пас аз навсозӣ) мавриди истифода қарор доданд. Ҳамчунин, дар доираи корҳои созандагӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом ба фаъолияти корхонаи бандубасти меваи хушки “Неруи Канд” оғоз бахшиданд, ки дар он 25 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Ифтитоҳи мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастор
Боздиди навбатии кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд ба 17-уми ноябр рост омада, аз шаҳри Истаравшан оғоз ёфт.
Сарвари давлат, нахуст, бинои таълимӣ ва хобгоҳи Мактаб-интернат барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Истаравшанро ифтитоҳ намуда, ба гурӯҳи соҳибкорон, ки онро бунёд кардаанд, арзи қадрдонӣ намуданд. Бинои таълимии муосир дорои 16 синфхонаи муҷаҳҳаз буда, дар он барои 520 хонанда шароити хуби таҳсил фароҳам омадааст. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чор иншооти соҳаи маорифро, ки дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Панҷакент ва Кӯҳистони Мастчоҳ сохта шудааст, фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Сипас, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 120 нафар кӯдаку навраси ятим ва ҷавонони ниёзманд мулоқот карда, ба онҳо маҷмуи сарулибос, ширинӣ ва кумаки пулӣ тақдим намуданд
“Кӯли Сарез” мавриди истифода қарор гирифт
Пешвои миллат дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли антифризи “Кӯли Сарез”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхона баҳри ноил гаштан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, бо истифода аз имтиёзу имкониятҳои муҳайёнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Дилшод Холмаҳмадов бо харҷи наздики як миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он 17 сокини маҳаллӣ (9 зан) бо кор таъмин шуд. Корхона дар як сол метавонад 310 тонна антифриз, ки маҳсулоти ивазкунандаи воридот мебошад, тавлид намояд. Инчунин, дар ин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли сутунпояҳои оҳанубетонии барқӣ ва таъмиру навсозии трансформаторҳои ҶДММ «Истаравшан Энерго» оғоз бахшиданд.
Иқтидори коргоҳи сутунпояҳои оҳанубетонии барқӣ дар як сол 2200 дона ва коргоҳи таъмири трансформаторҳо 150 ададро ташкил медиҳад.
17-уми ноябр Роҳбари давлат дар шаҳри Истаравшан корхонаи «Сино медикал»-ро ба истифода доданд, ки дар он 50 нафар бо кор таъмин шуд. Дар корхона истеҳсоли молҳои тиббӣ, аз ҷумла сӯзандору ва система барои доруи қатрагӣ роҳандозӣ шуда, маҳсулот бо шаклу ҳаҷми гуногун бароварда мешавад. Хатҳои технологии корхона тавлиди бонуфузтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ буда, иқтидори лоиҳавии он дар як сол 60 миллион сӯзандору ва як миллион система барои доруи қатрагиро ташкил медиҳад. Барои бандубасти маҳсулоти ниҳоӣ коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полиэтиленӣ низ фаъолият менамояд. Тибқи нақша, дар ояндаи наздик хатҳои нави истеҳсолӣ ба кор дароварда мешаванд, ки баробари зиёд гардидани номгӯйи маҳсулот, ба таъсиси боз 40 ҷойи кор замина мегузорад.
ҶДММ "Адл" – қадаме ба сӯи саноатикунонии босуръат
17-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ "Адл"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар доираи тадбирҳо оид ба саноатикунонии босуръати кишвар бо иқдоми соҳибкори ватандӯст ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Корхона дар як сол то 20 ҳазор ҷиҳозу бозичаҳои гуногуни кӯдакона, аз ҷумла ҳафт намуд мебел, истеҳсол мекунад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаҳои маҳсулоти корхона шинос шуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар намунаи ибрат арзёбӣ намуданд.
Сипас, бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳалаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Адл» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Иқтидори солонаи коргоҳ беш аз 10 ҳазор дучархаҳои гуногун мебошад.
“ЛУҚМОНИ ҲАКИМ”
Маркази ташхису табобат бунёд ёфт
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои маркази ташхису табобатии “Луқмони Ҳаким” аз чор ошёна ва зерошёна иборат буда, аз ҷониби ҶДММ “Шифои Замон” бунёд шудааст. Иншоот ба маблағи наздики 4,5 миллион сомонӣ бунёд ёфта, дар он шуъбаҳои асаб, дилшиносӣ, ғадудшиносӣ ва урологӣ мавҷуданд. Дар марказ 50 нафар табиби баландихтисос, ҳамшираҳо ва кормандони дигар ба кор ҷалб шуда, дар он дар як вақт то ба 90 нафар хизмати тиббӣ расонда мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити марказ шинос шуда, ба иқдоми соҳибкорон баҳои баланд доданд.
“Зари Суғд” пойафзол истеҳсол мекунад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Саноатчиёни шаҳри Бӯстон дар назди корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” корхонаи истеҳсоли пойафзолро ба истифода доданд.
Дар он 20 нафар бо кори доимӣ таъмин гашта, тавлиди 50 намуди пойафзол ба роҳ монда шудааст. Иқтидори солонаи истеҳсолии корхона то 60 ҳазор ҷуфт пойафзоли мардонаю кӯдаконаро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳсулоти корхонаи фаръии зардӯзию заргарӣ ва касбомӯзии “Зари Суғд” ҳам шинос шуданд. Зикр гардид, ки заргарӣ, дӯзандагӣ, қолинбофии дастӣ ва истеҳсоли пойафзол самтҳои асосии фаъолияти корхонаи мазкур мебошанд.
Бунёди корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтиленӣ
18-уми ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ "Технологияи полимерӣ" оғоз бахшиданд.
Корхона бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Саидхоҷа Зикриёхоҷаев бунёд шуда, барои муҷаҳҳазсозии он зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шудааст.
Корхонаи парандапарварии “Назар”
Он дар таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти парҳезӣ
саҳми назаррас дорад
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии “Назар”-ро ба истифода доданд.
Корхонаи мазкур бо ташаббуси бонуи соҳибкор Каромат Назарова бо харҷи беш аз 11 миллион сомонӣ сохта шуда, дар он 50 нафар бо кор ва маоши муносиб таъмин шудааст. Роҳбари давлат бо ишора ба саҳми бонувон дар рушди соҳибкорӣ, таъкид намуданд, ки чунин иқдомҳои онҳо шоёни дастгирӣ аст.
Таъкид шуд, ки ҶДММ “Назар” бо тамғаи молии “Далерон” яке аз калонтарин корхонаҳои вилояти Суғд аст, ки дар таъмини бозори истеъмолӣ бо гӯшти парҳезӣ саҳми намоён дорад.
Дар корхона истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда низ ба роҳ монда шуда, иқтидори он дар як соат 5 тонна мебошад.
Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли пойафзоли “Фароғатбону”
18-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пойафзоли “Фароғатбону” оғоз бахшиданд.
Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Парвиз Ҷӯраев сохта шуда, 20 намуди пойафзоли мардона истеҳсол менамояд. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар харидорони зиёд доранд.
Дар марҳалаи аввал дар ин ҷо 20 нафар ба кор ҷалб шуда, маоши миёнаи онҳо аз 1500 то 3000 сомониро ташкил медиҳад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор ва масъулони давлатӣ барои зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли пойафзол ва ба ин васила, таъсис додани 500 ҷойи нави корӣ дастуру тавсияҳо доданд.
Футбол оммавӣ мешавад
18-уми ноябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии "Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи мазкур аз варзишгоҳи калон бо 7000 ҷойи нишаст, майдончаи варзиш, ҳуҷраҳои корӣ, ивази либос ва маҷлисгоҳ барои 40 нафар иборат мебошад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани нахустин муассисаи давлатии Мактаби махсуси варзишӣ оид ба футбол дар деҳоти Исфисор ҳашт мураббӣ ба кор ҷалб шуд, ки дар тарбияи варзишгарони бомаҳорату номбардори миллат саҳм хоҳанд гузошт.
Ифтитоҳи маркази саломатии “Луқмони Ҳаким”
Дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19-уми ноябр маркази нейро-кардиоэндоҷарроҳии “Луқмони Ҳаким”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар марказ ҷарроҳиҳои майнаи сар, мағзи сутунмуҳра, дил ва гурда бо роҳи эндоҷарроҳӣ ва ҷарроҳии кушодаи амрози занона, эндо-протезкунонии бемориҳои ортопедӣ, табобати амрози асаб ва барқароркунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар муассиса табибони баландихтисос, ҳамшираҳо ва кормандони миёнаи тиббӣ, дар маҷмуъ, 50 нафар кор мекунад.
“Сайри Суғд” бозичаҳои кӯдакона истеҳсол мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи "Сайри Суғд"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи “Сайри Суғд” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Мирзоҷон Умаров ба маблағи 23 миллион сомонӣ бунёд шуда, дар он бозичаҳои кӯдакона ва мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешаванд. Ҳаҷми истеҳсолот дар як моҳ 250 мотороллери барқӣ ва 20 000 бозичаи кӯдаконаро ташкил медиҳад. Ҳоло дар корхона 14 намуд мотороллерҳои барқӣ истеҳсол мешавад, ки иқтидори гуногуни борбардорӣ доранд.
Дар ҳолати кунунӣ 60 нафар дар ду басти корӣ фаъолият дорад ва тибқи нақша, дар ояндаи наздик шумораи коргарон то ба 150 нафар мерасад.
Иштироки Пешвои миллат дар Фестивали асал, анор ва картошка
19-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, анор ва картошка иштирок намуданд. Меваҷот, сабзавот, ғалладонагӣ, биринҷ, хушкмева, асал ва дигар навъу намунаҳои маҳсулоти кишоварзиро заҳматкашони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври пирамида ва тасвирҳои гуногун ба намоиш гузоштанд, ки собитгари фаровонии ҳосил буд.
Роҳбари давлат бо самараи меҳнати кишоварзон шинос шуда, ба хотири таъмини амнияти ғизоӣ истифодаи пурраи имкониятҳои табииро барои баланд бардоштани самаранокии замин зарур донистанд. Дар намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ ва таомҳои миллӣ пешкаш гардиданд.
Ҳамчунин, ҳунармандон намоишҳои фолклорӣ манзур намуданд, ки таҷассумгари истиқлолу озодӣ, ифтихор аз ватандорӣ ва заҳмати садоқатмандонаи кишоварзон барои истеҳсоли неъматҳои моддӣ мебошад. Чорабинӣ бо иштироки доираи васеи кишоварзону аҳли ҳунар ба тантанаи фараҳу хушҳолӣ, шукргузорӣ аз дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, зиндагии осудаҳолона ва татбиқи муваффақонаи сиёсати давлатдории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табдил ёфт.
Он чи овардем, бозгӯи рушди бемайлон ва созандагиҳои пайвастаи сокинони Суғди бостон аст. Гуфтан бамаврид аст, ки саҳми соҳибкорон дар ободкориҳои вилоят хеле назаррас ва шоистаи таҳсин аст, ки, алалхусус, барои афзун кардани иқтидори саноатии вилоят нақши бориз доранд. Бо дарки хуби сиёсати Ҳукумати мамлакат пайи ободкориҳо камари ҳиммат баста, дар амал пайрави сиёсати созандаи роҳбарияти олии мамлакат буданашонро собит месозанд.
