ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ГӮШТИН

ГӮШТИН

28 январ 2025, Сешанбе
26
0


Рассадин – ягона намояндаи Тоҷикистон дар «Zagreb Open» 
5-9-уми феврал дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи байналмилалии рейтингии «Zagreb Open» оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ баргузор мешавад. 
Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро як нафар – Виктор Рассадин (-70 кг) намояндагӣ мекунад. 
Чанде пеш Рассадин дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи мураббии  ИҶШС Дмитрий Коркин дар Доғистон бори ҳафтум чемпион шуд.


ФУТБОЛ
Тими наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиё-2025-ро бо бозӣ муқобили Уммон оғоз мекунад
Конфедератсияи футболи Осиё ҷадвали бозиҳои Ҷоми Осиё миёни наврасон (U-17)-2025-ро, ки аз 3 то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, нашр кард.
Ҳарифони мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» дастаҳои Эрон, Уммон ва ҶХД Корея ҳастанд.
Дастаи мо нахустин бозии худро 5-уми апрел муқобили тими наврасони Уммон анҷом медиҳад. Шогирдони Марко Раҷини дар даври дуюм 8-уми апрел бо ҳамсолони худ аз ҶХД Корея ва дар даври сеюм 11-уми апрел бо дастаи Эрон вомехӯранд.
Бар асоси натиҷаи марҳалаи гурӯҳӣ аз 4 гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфта, роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2025 миёни наврасонро, ки аз 5 то 27-уми ноябр дар Қатар баргузор мешавад, соҳиб мегарданд.
Дар ҳамин ҳол, футболбозони навраси кишвар ҷамъомади тамринии дуҳафтаинаро, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2025, дар Анталияи Туркия анҷом дод.
Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозии санҷишии охирин бар ҳамсолони худ аз Академияи «Краснодар» (4:0) пирӯзӣ ба даст овард. Голҳои дастаи моро Умед Ҷафоев, Давид Мақсудов ва Абдулло Иброҳимов заданд. Як голи дигарро бозигарони рус ба дарвозаи худ ворид сохтанд.


ТЕННИС
Синнер ва Киз – ғолибони “Australian Open 2025”
Аз 12 то 26-уми январ дар шаҳри Мелбурн мусобиқаи кушоди теннис – “Australian Open 2025” баргузор шуд. 
Садрнишини радабандии тенниси ҷаҳон Янник Синнер (Италия) дуюм маротиба дар ин мусобиқа миёни мардон ғалаба кард. Миёни бонувон бошад, Медисон Кизи амрикоӣ, ки дар радабандӣ зинаи 14-умро соҳиб аст, пирӯз шуд. Ӯ дар даври нимниҳоӣ бар ракетакаи 2-юми ҷаҳон Ига Свёнтек (Полша) ва дар финал бар ракеткаи якуми ҷаҳон Арина Соболенко (Буларус) пирӯз шуд. Ин аввалин пирӯзии Медисон дар мусобиқаҳои “Тоскулоҳи бузург” мебошад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 28.01.2025 №: 20
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив