БАРТАРИЯТҲОИ САВДОИ ЭЛЕКТРОНӢ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод доштанд, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шавад.
Ин қадам, ба гуфтаи Сарвари давлат, ба суръат бахшидани рақамисозии кишвар ва таҳкими мавқеи он дар муҳити технологии ҷаҳонӣ равона шудааст. Пешвои миллат дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ҳафт самти муҳимро номбар карданд, ки ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Савдои электронӣ ё e-commerce гуфта, фурӯш ва харидории молу хизматрасониро тавассути интернет мефаҳманд. Дар ин раванд, фурӯшандагон ва харидорон аз платформаҳои онлайн, сомонаҳо ё барномаҳои мобилӣ истифода мебаранд, то маҳсулот ё хизматрасониҳои лозимаро пешниҳод ва харидорӣ намоянд. Харидуфурӯши электронӣ дорои як қатор афзалиятҳо мебошад. Аввалан, дастрасии глобалӣ: имконияти фурӯш ва харидро дар саросари ҷаҳон имконпазир менамояд; дувум, сарфа кардани вақт: амалиётро зуд ва қулай ва дар макони мувофиқ анҷом додан мукин аст. Дигар ин ки интихоби васеи молу маҳсулот, кам кардани хароҷот ҳам барои ширкатҳо, мағозаҳо ва ҳам барои истеъмолкунандагон имконпазир мегардад.
Савдои электронӣ дар бист соли охир дар ҷаҳон пайдо шуда, бо суръати ҳайратангез афзоиш ёфта истодааст. Имрӯз шумораи ҳарчи бештари истеъмолкунандагон тавассути интернет мол харидорӣ мекунанд ва ташкилотҳои тиҷоратӣ ва мағозаҳо ҳамгоми пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ аз имконоти ин шабака истифода мебаранд. Тибқи маълумоти ширкати Sellers Commerce, бо назардошти он ки 33 дарсади аҳолии ҷаҳон онлайн харид мекунанд, ҳаҷми савдои электронӣ айни замон ба беш аз 6 триллион доллари ИМА баробар аст ва интизор меравад, ки то соли 2027 ба 8 триллион доллар бирасад. Дар ҳамин ҳол, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 26,6 миллион мағозаҳои тиҷорати электронӣ мавҷуданд.
Бино ба арзёбии коршиносон, сабаби асосии пешрафти бемайлони савдои рақамӣ дар байни аҳолии ҷаҳон, пеш аз ҳама, дар истифодаи васеи интернет, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастрасии ҳарчи бештари майдонҳои (маркетплейсҳо) пешниҳоди молу маҳсулот ва хизматрасониҳои гуногун мебошад. Ғайр аз ин, шумораи ҳарчи зиёди харидуфурӯш тавассути смартфонҳо ва планшетҳо амалӣ мешавад. Афзоиши миқёси фаромарзии савдои электронӣ боз як омили афзоиши ҳаҷми пардохтҳо дар интернет-мағозаҳои ҷаҳонӣ мебошад. Илова бар ин, феълан платформаҳои нави тиҷорати электронии ҷаҳонӣ пайдо шуда, дар савдои электронӣ мавқеи устуворро касб намуда истодаанд.
Бо назардошти нақши калидии тиҷорати электронӣ дар пешрафти иқтисодиёт, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳамоварии шароити мусоид ҷиҳати рушди савдои электронӣ дар фазои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, дар мамлакат Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, Барномаи рушди савдои электронӣ барои солҳои 2025-2029 мавриди амал қарор доранд. Тавре дар Барномаи рушди савдои электронӣ омадааст, 70 дарсади аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷавонони то 30-сола ташкил медиҳад. Дар ҳолати тарбияи дурусти кадрҳо, аз чунин нуфузи аҳолӣ метавон нафъи хуб ба даст овард. Воқеан ҳам, чунин гурӯҳи калони аҳолӣ истифодаи васеи воситаҳои технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро барои соҳибкорӣ истиқбол менамоянд. Солҳои охир нишондиҳандаи ҳиссаи аҳолии истифодабарандаи интернет ва соҳибкории рақамӣ якбора боло рафт. Вале, бо вуҷуди тадриҷан зиёд шудани истифодабарандагони интернет дар кишвар, фарогирии аҳолии мамлакат бо интернети фарохмавҷ барои рушди савдои электронӣ дар кишвар беҳбудиро тақозо менамояд. Ғайр аз ин, барои пешрафти ҳамаҷиҳатаи савдои электронӣ логистикаи бақуввату дастрас барои интиқоли молу маҳсулот, ташаккули хаткашонии босифат, таъмину танзими ҳифзи ҳуқуқҳои харидорону фурӯшандагон ва такмили донишҳои соҳибкорон лозим дониста мешавад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 28.01.2025 №: 20