КУРАШ

03 феврал 2025, Душанбе
17
0


Чемпионҳои нави Тоҷикистон
Дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дуюм Чемпионати Точикистон оид ба кураш баргузор шуд.
Дар мусобиқа зиёда аз 200 варзишгар аз ҳамаи минтақаҳои кишвар дар ҳафт вазн байни ҳам рақобат карданд. Дар натиҷа, Искандар Маҳмадхоҷазода (-60 кг), Сарвар Абдушукуров (-66 кг), Наврӯз Каримзода (-73 кг), Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-81 кг), Ҳамроз Раҷабов (-90 кг), Улуғбек Раҳимов (-100 кг), Шариф Назриев (+100 кг) бар ҳарифон ғолиб омада, чемпиони Тоҷикистон дар соли 2025 гаштанд.
Федератсияи кураши Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионат дар ҳаҷми 5000 сомонӣ (ҷойи якум), 3000 сомонӣ (ҷойи дуюм) ва 1500 сомонӣ (ҷойи сеюм) ҷоизапулӣ тақдим кард. 
Ҳамчунин, зӯрозмоиҳои дӯстона байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Федератсияи Россия сурат гирифт, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори ду медали тилло гардид.

ФУТБОЛ
Тими наврасони Тоҷикистон дар “Ҷоми рушд-2025” ширкат мекунад
Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Осиё-2025, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2025» ширкат мекунад.
Ин мусобиқаи анъанавӣ дар шаҳри Минск (Беларус) аз 16 то 21-уми феврал бо ширкати ҳашт даста мегузарад. Дастаи наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои Россия (16 феврал), Эрон (17 феврал) ва Қазоқистон (19 феврал) бозӣ хоҳад кард. Дар гурӯҳи «А» дастаҳои наврасони Беларус, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва тими Академияи «Blockchain Sports»-и Бразилия шомиланд.
Мусобиқаи байналмилалии футбол – “Ҷоми рушд-2025” таҳти сарпарастии Бонки рушди Беларус аз соли 2005 баргузор мешавад. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон аз соли 2019 дар он ширкат мекунад. Футболбозони навраси кишвар соли 2020 ҷойи дуюм, соли 2021 ҷойи якум, соли 2023 ҷойи сеюмро сазовор гаштаанд.


БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
Доломити Валтеллина – мизбони Бозиҳои зимистонаи наврасон-2028
Иҷлосияи 143-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) минтақаи шимоли Италияро мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон дар соли 2028 интихоб кард. 
Иҷлосия дар қароргоҳи КБО шаҳри Лозаннаи Швейтсария баргузор шуд. Дар натиҷаи овоздиҳӣ, 89 вакил ба тарафдории Доломити Валтеллина овоз доданд. Бозиҳои гузашта соли 2024 дар шаҳри Гангвони Ҷумҳурии Корея сурат гирифта буд. 
Италия, ки имсол Универсиадаи зимистонаро дар Турин бомуваффақият гузаронд, соли 2026 дар шаҳрҳои Милан ва Кортина Бозиҳои зимистонаи олимпиро мизбонӣ мекунад.
"Интихоби Доломити Валтеллина ҳамчун мизбони Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон ифодаи боварии КБО ба имкониятҳои Италия ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои варзишии зимистона дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад", - иброз намуд вазири варзиш ва ҷавонони Италия Андреа Абоди.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 03.02.2025 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив