ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

05 феврал 2025, Чоршанбе
18
0


РАШТ 
307 иншоот ба истифода дода мешавад
- Бо мақсади иҷрои  фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи Солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 21 коргоҳу корхонаи нави саноатиро ба нақша гирифтааст. Ба ҳолати якуми январи соли 2025 шумораи коргоҳҳои истеҳсолӣ ба 32-то расонда шуд, ки нисбат ба соли 2023-юм дуто зиёд мебошад. Айни замон сохтмони 4 коргоҳу корхона дар арафаи анҷомёбист, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода.
Мавсуф иброз дошт, ки дар ноҳияи Рашт бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии соҳибкорону сокинон  307 иншооти гуногунсоҳа бунёд мешавад. То имрӯз 258 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки 84 фоизи нақшаро дар бар мегирад. 
Ҳамзамон, солҳои 2023-2024 аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҷалби соҳибкорон  32  бинои наву замонавии таълимӣ  ва 30 синфхонаи иловагӣ  барои 9160 хонанда дар як баст ба истифода дода шуд. 
Гулнисои САЪДОНШО


Истеҳсоли зиёда аз 100 ҳазор тонна картошка дар ноҳияи Лахш 
Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, сокинони ноҳияи Лахш соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 5457 гектар картошка кишт намуда, 109 ҳазору 737 тонна ҳосил бардоштанд, - иброз дошт Каромиддин Холзода, раиси ноҳияи Лахш, зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Лахш барои солҳои 2021-2025 114 лоиҳаро бо маблағи 163 миллиону 740 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Ба ҳолати якуми январи соли ҷорӣ 83 лоиҳа амалӣ гардида, 97 миллиону 620 ҳазор сомонӣ аз худ шудааст.
- Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 124 иншоот дар нақша аст. То имрӯз 64 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, - гуфт Каромиддин Холзода. 
Гулнисои САЪДОНШО


Нашри ниҳоии «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва роҳандозии 
барномаи «Ислоҳнигорӣ»
Сахидод Раҳматуллозода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ аз нашри ниҳоии «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» ва татбиқи барномаи «Ислоҳнигорӣ» хабар дод. 
Ба гуфтаи ӯ, нусхаи ниҳоии «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», ки 65 ҳазор калимаро дар бар мегирад, аз таҳрири гурӯҳи кории Кумита гузашта, ба чоп супурда шуд. Ин фарҳанг ба танзими дурусти имло ва истифодаи забони тоҷикӣ дар тамоми бахшҳои ҷомеа мусоидат хоҳад кард. 
Яке аз иқдомҳои навоварона дар рушди забони давлатӣ таҳия ва роҳандозии барномаи «Ислоҳнигорӣ» мебошад. Ин барнома ба таври автоматӣ матнҳои тоҷикиро дар муҳитҳои «Microsoft Word» ва дигар барномаҳои компютерӣ таҳлил ва хатоиҳоро ислоҳ мекунад. Баъди нашри «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ», татбиқи барнома оғоз мешавад. 
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА


САБЗАЛӢ ҶАЪФАРЗОДА:
“Дар соли 2024 шумораи довталабони имтиёздор афзуд”
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, зимни нишасти матбуотӣ, зикр намуд, ки барои ҷалби бештари довталабон ба донишгоҳу донишкадаҳо дар соли гузашта шумораи нуқтаҳои бақайдгирии сайёр ва доимиро дар 59 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ташкил намуданд, аз ин шумора 47-тои он доимист. 
 - Тибқи тартиби гузарондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 29-уми апрели соли 2023, № 188, дар таҳрири нав тасдиқ шуд, бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар 4 давр ба роҳ монда шуд, ки ин навгонӣ дар соли 2024 низ аз ҷониби Марказ бомуваффақият амалӣ гардиду барои баланд бардоштани нишондиҳандаи иҷрои нақшаи қабули донишҷӯён мусоидад намуд, - баён дошт директор. 
Ҳамзамон, гуфт, ки дар ҳамаи давраҳои бақайдгирӣ (4 давр) 1388 довталаби имтиёздор  барои иштирок дар ИМТ ба  қайд гирифта шуд, ки аз онҳо 428 духтарон мебошанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 104 нафар зиёд аст. 

Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА


"ТОҶИКФИЛМ"
Рушди синамои миллӣ ва муваффақиятҳои байналмилалӣ
Дар нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ва дурнамои рушди кинои миллӣ баррасӣ гардиданд.Тибқи маълумоти масъулон, дар давоми сол чор филми ҳунарии пурра, 10 филми мустанад, 2 филми кӯтоҳ, 1 филми тасвирӣ ва 3 филми ҳунарии муштарак наворбардорӣ шудаанд.
Яке аз дастовардҳои намоёни синамои тоҷик дар ду соли охир филми ҳунарии "Дов", ки муаллифаш Муҳиддин Музаффар мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф ва қадр гашт. Ин филм 25 ҷоизаи синамоҷашнвораҳои байналмилалиро дар номинаҳои гуногун, аз ҷумла беҳтарин филми ҳунарӣ, беҳтарин филмнома, беҳтарин нақши мардона ва беҳтарин коргардон ба даст овардааст. Аз ҷумла, дар Синамоҷашнвораи кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ), ки дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон баргузор гардид, филм барои баҳамоварии барҷастаи ҳунарпешаҳо ва манзур намудани арзиши воқеии дӯстӣ ба тамошобинон ба ҷоизаи махсуси ҳакамон сазовор шуд. Филми дигари Муҳиддин Музаффар “Моҳӣ дар шаст” мебошад, ки соли гузашта Шоҳҷоизаи Синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”-ро соҳиб шуд.
Ҳамчунин, зикр гашт, ки 15 нафар ҷавони боистеъдоди тоҷик бо таъмини стипендия ва хобгоҳ имкони таҳсил дар Донишкадаи давлатии умумироссиягии кинематография ба номи С.А. Герасимов (ВГИК), таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Федератсияи Россия Фарҳод Маҳмудовро пайдо кард.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА


ЗОИР РАҲМОНЗОДА:
"27 созишномаи нави ҳамкории хориҷӣ ба имзо расид"
Зоир Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, зимни нишасти хабарӣ зикр кард, ки соли рафта Донишгоҳ бо мақсади густариш бахшидани ҳамкориҳо бо донишгоҳҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсил ва омӯхтани таҷрибаи пешқадам 27 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. 
Бояд гуфт, ки  Донишгоҳ дар 4 соли охир дар маҷмуъ, наздик бо 90 донишгоҳу созмону муассисаҳои байналмилалӣ созишномаҳои ҳамкорӣ бобати тарбияи мутахассисони баландпоя бастааст. Ҳамзамон, дар соли равон дар бахши табодули академӣ дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ Донишгоҳ шаш лоиҳаро дар доираи мубодилаи академии барномаи Erasmus+ бо донишгоҳҳои Гранада (Шоҳигарии Испания), Валядолия  (Шоҳигарии Испания), Падуя (Италия), Браганза (Португалия), Пависланскии Квидзин (Лаҳистон) ва Силесия (Лаҳистон) татбиқ менамояд.
Ҳамчунин, ректор гуфт, ки дар соли таҳсили 2024-2025 26 донишҷӯи хориҷӣ аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Туркманистону Украина ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Зикруллоҳ  РАҶАБЗОДА

Санаи нашр: 05.02.2025 №: 28
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив