ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАРВОЗ.  АВЛАВИЯТ БА ИҶРОИ НАҚШАҲОИ ҶАШНӢ

ДАРВОЗ.  АВЛАВИЯТ БА ИҶРОИ НАҚШАҲОИ ҶАШНӢ

10 феврал 2025, Душанбе
8
0


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз дар давоми соли 2024 фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеомаданд, нақшаи чорабиниҳо мураттаб намуда, бахшида ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои назаррасеро ба сомон мерасонад.

Бо таъкиди Умедҷон Носирзода, раиси ноҳия, мардуми Дарвоз, ки кӯҳҳояш сар ба само кашидаанд, ба чорвопарварӣ, боғдорӣ, кишоварзӣ, саноати коркарди мева, қуму шағал машғул буда, аз ҳамин ҳисоб буҷети оилавиашонро ғанӣ месозанд. Натиҷаи заҳмати мардум буд, ки нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 91,6 фоиз иҷро гардид. Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети ноҳия 10,2 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ворид гашт. Маблағҳои зиёд ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кишоварзӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳои буҷетӣ сарф шуданд. 

РАҚАМИКУНОНӢ ВА ПАРДОХТҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ
Вобаста ба таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” қарори раиси ноҳия ба имзо расида, тибқи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида гурӯҳҳои корӣ дар ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои дигари қарзии ноҳия дар корхонаю муассисаҳои давлатӣ ва нуқтаҳои савдо корҳои фаҳмондадиҳӣ, огоҳкунӣ ва омӯзиширо ба роҳ монданд. 
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2025 дар ҳудуди ноҳия 90 фоизи шумораи умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахси ҳуқуқӣ ва 100 дарсади соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба таври электронӣ пешниҳод менамоянд, шумораи постерминалҳо ва QR-рамзҳо 78 адад аст, ки барои иҷрои талабот алҳол кофист. Инчунин, 2779 корти бонкӣ ба муомилот бароварда шуд. 7210 сокини ноҳия дорандаи корти бонкӣ мебошад. Аз маблағи бонкҳо бештар соҳибкорон истифода мебаранд. 
Дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 51,8 млн доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 38,8 млн доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвоз барои солҳои 2020-2025-ум 106 лоиҳаро ба маблағи 405,3 млн сомонӣ дар бар гирифта, то ба ҳолати 1-уми январи соли ҷорӣ 39 лоиҳа ё 37 фоиз ба маблағи 366,2 млн сомонӣ ба иҷро расид. Дар лоиҳаҳои дигар корҳои сохтмонӣ ва нақшакашӣ идома доранд.  Дар маҷмуъ, барои иҷрои барномаи мазкур маблағгузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун 762,4 миллион сомониро ташкил медиҳад. 

САНОАТ, СОХТМОН ВА РОҲҲО
Дарвоз ноҳияи аграрист, вале дар ин ҷо ба саноат низ таваҷҷуҳ сол ба сол меафзояд. Дар соли рафта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 78,3 млн сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2023-юм 48,2 млн сомонӣ ё 2,6 баробар зиёд мебошад. Корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 17,1 млн сомонӣ иҷро шудаанд, ки нисбат ба соли 2023-юм 6,5 млн сомонӣ зиёд мебошад. Дар масоҳати 1055 метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Масофаи умумии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Дарвоз 361,7 километр буда, 6,9 километрро роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ташкил медиҳанд. Барои таъмири роҳҳои маҳаллӣ ба муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 134674 сомонӣ ва аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 472439 сомонӣ ҷудо гардид. 
Аз ин ҳисоб 45 километр роҳ таъмир ва сангфарш шуд. Ҳаҷми боркашонӣ ба 49,9 ҳазор тонна (102,3 фоиз), гардиши боркашонӣ ба 45,8 млн тонна/км (138,4 фоиз), мусофиркашонӣ ба 960,4 ҳазор нафар (133 фоиз), гардиши мусофиркашонӣ ба 15,6 ҳазор нафар/км (113,9 фоиз) баробар шуд, ки нисбат ба соли пеш зиёд мебошад. Шумораи истифодабарандагони алоқаи мобилӣ ва шабакаи «Интернет» пайваста меафзояд ва ба муштариён 5 нуқтаи телефонӣ хизмат мерасонад.

ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ нақшаи чорабиниҳо мураттаб шудааст ва таъмиру бунёди 135 иншоот ба маблағи 2 миллиарду 330 миллиону 141 ҳазор сомонӣ зери назар аст. 
Дар солҳои омодагӣ ба ин тантана бунёди 86 иншооти нақшавӣ ба маблағи 484 миллиону 455 ҳазор сомонӣ анҷом ёфта, дар 24 иншоот ба маблағи 1 миллирду 786 миллиону 805 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.02.2025 №: 31
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив