БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО
11-уми феврал Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳое, ки Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ қабул ва ҷонибдорӣ намудаанд, имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», «Дар бораи истеҳсолоти органикӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ва ба Кодекси андоз аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2024 ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» равона шудааст.
Тибқи Қонуни мазкур, ҳамаи намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, манъ шудааст. Мораторий бо мақсади дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳибкорию сармоягузорӣ равона мешавад.
Бо мақсади гиромидошти суннатҳои миллӣ, эҳёи расму оинҳои бостонии мардуми тоҷик, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» илова ворид гардидааст, ки тибқи он, ҳар сол 1-уми июл Иди Тиргон ҷашн гирифта мешавад.
Қонунҳои баимзорасида барои таъмини рушди устувору босуръати иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар, фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, эҳёи расму оинҳои миллӣ ва беҳшавии зиндагии мардум равона шудаанд.