ОИНАИ РӮЗГОРИ МИЛЛАТ
Ҳар гоҳ таърихи муборизаи фарзандони халқи тоҷикро барои истиқлоли забонӣ ва фикрӣ варақ мезанем, пеш аз ҳама, рӯзномаи «Иди тоҷик» ва «Бедории тоҷик» ба хотир меояд. Давлатдории тоҷикон дар садаи ХХ ниёз ба рӯзнома дошт ва шахсони миллатдӯст ва ҳақиқатҷӯ фидокорона барои нашри ин рӯзнома камари ҳиммат баста буданд. Пеш аз ҳама, заҳматҳои Шириншоҳ Шоҳтемур, Чинор Имомов, Абдураҳим Ҳоҷибоев, устод Садриддин Айнӣ ва чанде фарзандони фидоии миллати тоҷикро бояд ба ёд овард, ки дар шароити хеле душвори муборизаи душманони миллати тоҷик барои аз давлату забон ва рӯзнома маҳрум кардани ӯ, бо камоли ҷасорат барои таъсиси рӯзнома саъю талош варзида буданд. Маблағгузории аввалин шумораи рӯзномаро Абдураҳим Ҳоҷибоев ба уҳда гирифта буд.
Ҳайратовар ин аст, ки бо вуҷуди сокинони аслӣ ва сернуфус будани тоҷикон дар Мовароуннаҳр ва Хуросон, иддае аз зиёиёни тундрави миллатҳои дигари сокини ин сарзамин, ки хеле баъдтар дар ин минтақа муқимӣ шуда буданд, ба инкори миллати тоҷик бархостанд ва имкон намедоданд ин халқи мутамаддин ва фарҳангофар соҳиби давлат ва рӯзнома бошад. Ин гурӯҳи миллатгаро, ки бо номи «пантуркистон» машҳур шуда буданд, ҳатто мавҷудияти халқи тоҷикро дар ватани аслиаш, дар ин минтақаи васеи таърихӣ инкор мекарданд. Устод Айнӣ ба воситаи «Намунаи адабиёти тоҷик», ки бо тавсияи Абдуқодир Муҳиддинов таълиф карда буд, ҷавоби қотеъ ба инкоркунандагони миллати мо дод. Ба ғайр аз ин, устод бо мақолаҳои дигари худ дар солҳои 20-уми асри гузашта, аз ҳуқуқи мардуми кӯҳистони тоҷик пуштибонӣ карда, мактаб ва илму маориф ва тарбияи роҳбарони миллиро ташвиқ ва тарғиб менамуд. Дар оғози мубориза барои ҷумҳурии мустақил шудани тоҷикон дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ унсурҳои халалрасон ва ҳатто тоҷикони нохудогоҳ бар зарари манфиатҳои миллӣ кор карданд. Бадбахтона, баъзе тоҷикони ба сиёсат гаравида, ки таҳти таъсири пантуркизм қарор гирифта буданд, ба инкорсозии миллати худ низ пардохтанд ва ба миллати худ хиёнат карданд. Унвони аввалин шумораи рӯзномаро «Овози тоҷики камбағал» гузоштан низ ҳарчанд дар он солҳои инқилобӣ ба сиёсат мувофиқ дониста мешуд, вале чандон ҳақиқат надошт. Зеро тоҷикон, ки асосан дар шаҳрҳои бузурги минтақа ва дар тиҷорату мадрасаҳо адои вазифа мекарданд, ҳатто қозиҳо тоҷик буданд, яъне халқи тоҷик саросар камбағалу қашшоқ набудааст.
Агар ба таърих рӯ оварем, мебинем, ки баъд аз давлати Сомониён ва Ғуриён давлатдорӣ дар ихтиёри қабилаҳои дигар қарор мегирифтанд, ҳарчанд умури таълиму тарбия, идораи ҳукумат асосан дар дӯши зиёиёни тоҷик буд. Осори хаттӣ ва дастнависҳое, ки аз давраҳои қадим то асри ХХ дар китобхонаҳои олам, махсусан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳифз мешаванд ва онҳо як қисми ками аз ҷаври рӯзгор боқӣ монда мебошанд, гувоҳи раднопазири қадим ва бумӣ будани соҳибони ин забон мебошанд. Вале, мутаассифона, дар натиҷаи ҷангҳои пай дар пай, куштору ғорат ва харобкории дарозмуддати қабоили турк зимоми давлат дар ихтиёри тоҷикон набуд ва ваҳдати умумимиллӣ халалдор шуда буд.
Мардуми тоҷик ҳамеша зидди истилогарон мубориза мебурданд, вале набудани пешвои умумимиллӣ ва муттаҳидсози миллат онҳоро дар итоати дигарон қарор медод. Баъд аз пирӯзии Инқилоби Бухоро, ки бисёре аз тарафдорони он тоҷикони муқими шаҳр буданд, дар натиҷаи ҳуҷуми пантуркизм ва мавқеи зиддитоҷикии роҳбарони ташкилотҳои ҳизбии Туркистон, ки асосан ғайритоҷик будаанд, тақсимоти ҳудудӣ комилан хилофи таърих ва ҷуғрофиёи таърихӣ сурат гирифт ва тоҷикон ҳамчун миллати кӯҳистонӣ муаррифӣ шуда, аксари сарварони инқилобии онҳоро нобуд намуданд. Набудани воситаи муҳими идеологӣ, яъне рӯзномаи тоҷикӣ ва интишори зиёди рӯзномаву маҷаллаҳои туркӣ дар байни тоҷикони шаҳрҳои Мовароуннаҳр ҳамчун силоҳи кундсозии худшиносии тоҷикон гардид.
Зикри ин муқаддима барои он аст, ки рӯзномаи миллӣ дар чи шароит ва бо чи андоза мушкилӣ таъсис ёфта буд. Ва муассисони он бо чи заҳмат қарзи фарзандии худро дар назди миллати худ адо карда буданд. Таъсиси Ҷумҳурии Худмухтори Тоҷикистон, бо вуҷуди тамоми бохтҳои халқи тоҷик, имкони ҳаётофарине барои зинда мондани миллати тоҷик ва эҳёи сиёсӣ ва маънавии ӯ гардид. Арзи ҳастӣ кардани матбуоти ӯ дар мисоли «Овози тоҷик», муждаи эҳёи миллӣ гардид. Бесабаб нест, ки устод Айнӣ ба ин муносибат гуфта буданд: «Ин рӯзнома мисли номаш, албатта, забони тоҷик хоҳад буд. Акнун гуфта мешавад, ки қавми тоҷики Туркистон ҳам забон баровард…Акнун метавонад, ки дарди дили худро ба воситаи рӯзномаи худ, ки забони тоҷикӣ аст, ба ҳар кас вонамояд». Метавон гуфт, ки роҳи тайкардаи рӯзномаи тоҷикон аз «Овози тоҷик» то «Ҷумҳурият» роҳи душвори тайнамудаи халқи тоҷик барои давлатсозӣ, истиқлолхоҳӣ, худшиносӣ ва ҳифзи забону фарҳанги миллӣ мебошад.
То кадом андоза аз нашри ин рӯзнома изҳори хушнудӣ кардани мардуми тоҷикро аз намунаи ашъори зиёиёни мутараққӣ ва миллатдӯсти тоҷик, аз ҷумла Ҷавҳарӣ, Зеҳнӣ, Абдуллоҳи Кошонӣ, Тамҳиди Самарқандӣ, Абулқосими Лоҳутӣ, ки дар «Намунаи адабиёти тоҷиқ»-и устод Айнӣ омадааст, метавон дарк кард. Устод Айнӣ дар матлаи шеъри «Овози тоҷик» дар шумораи дувуми рӯзнома 4-уми сентябри соли 1924 гуфтааст:
Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан
Баромад оқибат «Овози тоҷик».
Зуфархон Ҷавҳарии Истаравшанӣ дар назирааш ба ин ғазал фармудааст:
Ба гӯшам мерасад овози тоҷик,
Ки бояд шуд кунун дамсози тоҷик.
Дамонад руҳ дар тан, мағз дар сар,
Каломи маърифатпардози тоҷик.
Махсусан аз соли 1929, аз соли таъсиси Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки натиҷаи муборизаи ҷоннисоронаи фарзандони асили миллати тоҷик буд, ин рӯзнома пайваста барои инъикоси воқеаҳои муҳими дохилӣ ва хориҷӣ, пеш бурдани сиёсати Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, таҳкими дӯстии халқҳо, сафарбар намудани мардуми кишвар барои сохтмони иншоотҳои бузург ва пешбурди илму маориф ва фарҳанги миллӣ нақши басо муҳими таърихӣ бозид.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар замони соҳибистиқлолии давлатӣ ҳамчун Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёдеро иҷро мекунад. Дар инъикоси воқеаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштироки фаъол дошта, ҳайати эҷодии он ташаббускори баргузории чорабиниҳои васеи илмӣ, фарҳангӣ мебошанд.
Солҳои ахир бо ташаббуси сармуҳаррири рӯзнома Қурбоналӣ Раҳмонзода ва дастгирии раисони шаҳру вилоятҳо дар мавзуъҳои гуногун озмунҳо баргузор шуда, шумораи хонандагони рӯзнома афзудааст. Масалан, озмунҳои ба шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва адабӣ бахшидашуда, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Данғара, Панҷакент, Турсунзода, Хоруғ, Ҳисор, Хуҷанд, ноҳияҳои Рашту Айнӣ баргузор шуда буданд, аз вусъати фаъолияти сарварону кормандони рӯзнома шаҳодат медиҳанд. Охири соли гузашта Озмуни байналмилалии «Дуои модар»-ро кормандони рӯзнома бо дастгирии мақомоти вилояти Суғд бо шукӯҳи хоса ҷамъбаст намуданд, ки хеле хотирмон ва таъкиди эҳтиром ба модар ва Ватани соҳибистиқлоламон буд.
«Ҷумҳурият» яке аз рӯзномаҳои ба теъдоди зиёд нашршаванда дар ҷумҳурӣ мебошад. Мазмуну муҳтавои мақолаҳои «Ҷумҳурият» хеле гуногунранг шудаанд. Аҳамият ва мақоми ин рӯзнома боз аз он ҷиҳат боло рафтааст, ки он нашрияи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ахбори муҳими сиёсӣ, мулоқотҳои Президент ва аъзои Ҳукумат, суханрониҳои Сарвари давлат, пеш аз ҳама, дар ин нашрия дарҷ мегарданд. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ин рӯзнома, ки бо мурури замон ва таҳаввулоти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон бо номҳои «Бедории тоҷик», «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ» нашр мешуд ва имрӯз унвони он маънои ҷумҳурии соҳибистиқлолро дар зимн дорад, ҳаммароми замон ва инъикосгари таърихи навини халқи тоҷик ва ҷаҳони муосир мебошад. Он сад соли бурду бохтҳои миллати тоҷикро дар саҳифаҳои худ дарҷ намудааст.
Садсолагии рӯзнома ҷашни матбуот ва фарҳанги миллист. Бинобар ин, онҳоеро, ки дар солҳои гуногун хидмат карда буданд, бо эҳтиром ёдовар шуда ва онҳоеро ҳам, ки дар ин боргоҳи иттилоотии давлатӣ имрӯз заҳмат мекашанд ва ҳамаи ҳамкорону хонандагони рӯзномаи аввалини миллатамонро бо ин ҷашни якасраи бедории миллати тоҷик самимона табрик ва муборакбод мегӯем.
Кароматулло ОЛИМОВ, академик
Санаи нашр: 12.02.2025 №: 33