ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
Интерфакс. Ноиби президенти Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Владимир Падалко гуфт, ки гардиши мол миёни Россия ва Тоҷикистон дар соли 2022-юм 18,3 дарсад афзуда, 1,4 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.
Мир 24. Президенти Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва пешниҳод намуд, ки асъори ҷойгузини доллар барои истифода дар тиҷорат байни кишварҳои БРИКС интихоб карда шавад.
ТАСС. Роҳбари Маркази рушди инсон ва демографияи Донишгоҳи иқтисодии Академияи миллии илмҳои Беларус Анастасия Боброва гуфт, ки Беларус ва Россия сатҳи муҳоҷирати меҳнатиро пас аз пандемияи коронавирус барқарор карданд ва таҳримҳои Ғарб ба раванди муҳоҷират дар дохили Иттиҳоди давлатҳои Россия ва Беларус таъсири ҷиддӣ нарасонданд.
ТАСС. Президенти ИМА Ҷо Байден зимни суханронӣ дар назди ҳар ду палатаи парлумони Ирландия дар Дублин изҳор дошт, ки тағйирёбии глобалии иқлим ягона таҳдиди мавҷуда барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад ва мо барои ҳалли ин масъала вақти зиёд надорем.
Санаи нашр: 14.04.2023 №: 78