ИТТИЛОИЯ
28-уми феврал таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати мамлакат баргузор гардид.
Дар маҷлис, нахуст, дар бораи Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044 гузориши вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода шунида шуд.
Таъкид гардид, ки Стратегияи миллӣ ба такмили раванди таълим равона шуда, ба таъмини сифати таҳсилот мусоидат мекунад ва барои иштирок дар арзёбии байналмилалии сифати таҳсилот замина мегузорад. Сифати таҳсилот бо дарназардошти таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбия, иқтидори кадрӣ, адабиёти таълимии ба қобилияти зеҳнию физиологии тарбиятгирандагону хонандагон мутобиқ, воситаҳои таълимӣ, маводи методию аёнӣ ва азхудкунии барномаҳои таълимию тарбиявии мувофиқ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот мавриди арзёбӣ қарор мегирад.
Сарвари давлат супориш доданд, ки Вазорати маориф ва илм, идораҳои дахлдор ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои амалисозии Стратегияи мазкур ва бартараф намудани камбудиҳои ҷиддии соҳа тадбирҳои мушаххас андешида, ҳамасола то 1-уми феврал ба Ҳукумати мамлакат маълумот диҳанд.
Сипас, лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсиси парки саноатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва қабул гашт.
Дар идома Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ва Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 мавриди муҳокима қарор гирифт. Гуфта шуд, ки мақсад аз таҳияи Барномаи солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани урандор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030 ин идомаи корҳои зарурӣ, муайянсозии иншооти зарардида ва ба пуррагӣ безарар ва солим гардондани мавзеъҳои аз истеҳсолоти коркарди уран зиёндида дар ҷумҳурӣ мебошад.
Барномаи омӯзиши касбӣ ва бо кор таъмин намудани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда барои солҳои 2025-2030 бошад, бо мақсади фароҳам овардани шароит ва муҳайё намудани имконият барои ба касбомӯзию шуғл фаро гирифтани маҳкумшудагон ва шахсони аз адои ҷазо озодшуда таҳия гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои босамар ва татбиқи нақшаву барномаҳои номбурда ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд.
Дар фароварди маҷлис Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди бахшҳои гуногуни соҳаи саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, нассоҷӣ, афзун намудани коркарди ватании канданиҳои фоиданок ва маҳсулоти кишоварзӣ, бо роҳи зиёд кардани иқтидорҳои иловагии тавлиди неруи барқ, аз ҷумла аз манбаъҳои “неруи сабз”, таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин, вобаста ба иҷрои масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои қаблии Роҳбари давлат, амалисозии нишондодҳои Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дастуру супоришҳо дода шуд.