ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАРВОЗ ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ – БИШКЕК ДУБОРА БАРҚАРОР ГАШТ

ПАРВОЗ ДАР МАСИРИ ДУШАНБЕ – БИШКЕК ДУБОРА БАРҚАРОР ГАШТ

14 март 2025, Ҷумъа
4
0


Ба иттилои хабарнигори “Ҷумҳурият” Фирӯз Ҷумъазода, ки дар ҳайати аввалин парвозкунандагон дар масири Душанбе – Бишкек пас аз дубора эҳё шудани хатсайри ҳавоӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон қарор дорад, имрӯз ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар ин масир нахустин парвозро анҷом дод.

Оғози парвозҳо миёни ду кишвари дӯсту ҳамсоя ва боз гардидани роҳҳои заминӣ, ки дар доираи сафари давлатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олии ду кишвар иттифоқ афтод, сурат гирифта, дар таҳкими муносибатҳои дӯстона, робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва рушди гардишгарӣ мусоидат хоҳад кард.
Тавре интизор меравад, шуруъ аз 23-юми март парвозҳо ҳафтае як маротиба, рӯзҳои якшанбе дар ин масир анҷом дода мешаванд. Дар оянда ҳафтае ду маротиба ба роҳ мондани парвозҳо дар назар аст. 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият” 

Санаи нашр: 14.03.2025 №: 155
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив