ҚОНУНГУЗОРӢ

11 апрел 2025, Ҷумъа
23
Боз як амали инсондӯстона дар ҷомеаи демократӣ
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ ва маъқул дониста шуд.
Умед Каримзода, муовини якуми Прокурори генералӣ, зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур иброз дошт, ки бо мақсади иҷрои дастури Пешвои миллат таклиф шуд, ки аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои дар навору гузоришҳои нашру паҳнгардида гузоштани “лайк” пурра бардошта шавад.
– Қабули Қонуни мазкур амали саривақтӣ ва ба мақсад мувофиқ дониста мешавад, зеро он, пеш аз ҳама, ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд равона гардидааст, – гуфт Шуҳрат Ғанизода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.04.2025 №: 70