ИТТИЛОИЯ

14 апрел 2025, Душанбе
4
11-уми апрел иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, таҳти раисии калонсолтарин узви Маҷлиси миллӣ Низом Қосим оғоз шуд.
Пас аз иҷрои муқаррароти расмии ифтитоҳи иҷлосия ва интихоби мақомоти кории он, нахуст, интихоботи роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ баргузор гардид. Аъзои Маҷлиси миллӣ ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ҷонибдорӣ карданд.
Раиси тозаинтихобшудаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар назди ҳозирон сухан гуфта, барои садоқат ба давлат ва мардуми Тоҷикистон савганд ёд намуданд. Сипас, кори иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ идома ёфт.
Дар идомаи иҷлосия муовини якум ва муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб шуданд ва онҳо низ дар навбати худ дар назди ҳозирон сухан гуфта, савганди садоқат ёд намуданд.
Сипас, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, оид ба муҳимтарин паҳлуҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пешгирии ҳама гуна таҳдиду хатарҳои замони муосир ва дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа ибрози андеша намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва роҳбарияти онро ба муносибати интихоб ва таъин шуданашон табрик гуфта, барои амалӣ кардани салоҳиятҳои пурмасъулияташон ба онҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Пас аз суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, ба кори худ идома бахшид.
Санаи нашр: 14.04.2025 №: 71