ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТУТҲО МЕМИРАНД Ё ЧАРО АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ БЕҶАЗО МЕМОНАНД?!

ТУТҲО МЕМИРАНД Ё ЧАРО АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ БЕҶАЗО МЕМОНАНД?!

19 апрел 2023, Чоршанбе
36
0


Дирӯз чашмам ба ин навишта афтод, ки Тоҷикистон соли 1991-ум 4528,6 тонна пиллаи тар истеҳсол кардааст. Ин рақам соли гузашта, яъне соли 2022, ба 389 тонна (тибқи нақша 780 тонна бояд истеҳсол мешуд) расид. Ба ростӣ, тааҷҷубам афзуд ва ба худ гуфтам: ё ин соҳа нафъи бештар намеорад ва ё ба он таваҷҷуҳи махсус намедиҳанд. Аслан, муҳим тааҷҷубу андешаи ман нест. Масъулон сари ин масъала ва роҳҳои ҳалли мушкилот  меандешанд. Доимо таҳлил ҳам мекунанд, ки дар он рӯзгори пешин аҳолӣ, хонаҳо ва хоҷагиҳо дар маҳалҳо кам буданду бештар пилла ҳосил менамуданд. Ҳолиё ба чандин маротиба аҳолӣ, хонаҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ афзуда, аммо миқдори истеҳсоли пиллаи тар кам шудааст. Бешак, дар хонаҳои ҳозиразамон аксар мардум ин хоҳишро надоранд, ки пилла парвариш бикунанд. Чи метавон гуфт, ки ин ҳуқуқи онҳост. Пиллапарварӣ заҳмати зиёди шабонарӯзӣ дорад ва масолеҳи махсусро бо сӯзишворӣ хостор мебошад.
Агар рушди ин соҳа, яъне пиллапарварӣ, он қадар муҳим набошад, боке нест. Аммо агар акси он аст, бояд аз он низ биандешем, ки насли нав аз парвариши он оҷиз аст, чун усули парваришро намедонад. Пештар аз ҳамдигар дар ин маврид меомӯхтанд. Ҳоло кам касоне мондаанд, ки аз асрору нозукиҳои парвариш огоҳ бошанд. Фаразан, агар хоҳиши парвариш дар сокинони деҳот бо пешниҳоди маблағи зиёд пайдо бишавад, тадбиреро зуд андешида наметавонем. Чаро? Чунки дигар он миқдор тутзори солҳои пешинро надорем. Дар ҷойи онҳо пахта парвариш карданд ва баъд биноҳои истиқоматӣ бунёд намуданд. Дарахтони тут, ки қад-қадди роҳҳоро ҳам ҳусн мебахшиданд ва пахтазорҳоро аз шамолҳо ҳифз мекарданд, бисёри бисёр кам шудаанд. 
Дар мавсими парвариши пилла шохаҳои онро мезаданд, то ғизои кирми пилла бошад. На ҳар кас, албатта, ҳуқуқи задану буридани ин шохаҳои сербаргро дошт. Агар нафаре банохост онҳоро барои ғизои чорвои хонагӣ ва ҳезум мезад, пеши роҳи ин амалашро мегирифтанд.
Ба якчанд дарахте, ки алҳол дар канори ин роҳҳо ҳастанд, агар менигарӣ, гузаштаро ёдоварат мешаванд: пиранду захмхӯрда. Ҳатто садои фарёду нолаҳои онҳо ба гӯши дил мерасанд. Касе дар нигоҳубинашон ташаббус намегирад. Ташнагияшонро танҳо бо оби борон мешикананд. 
Пештар ҳар нафар мекӯшид, ки дар тамоми зиндагияш ақаллан се дарахт бинишонад. Яке аз ин дарахтон дарахти тут буд, зеро нафъи баргу шохаҳои он ба мардуму кирмҳои пилла мерасид. Бузургсолон на танҳо таъкид менамуданд, ки ин амал, яъне нишонидани дарахт, фаромӯш нашавад, балки ҷавононро водор месохтанд, ҳамроҳӣ мекарданд, то дарахт бинишонанд.
Дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ дар он рӯзгори пешин бобои мулло Саид мезист. Дар ҳар нишаст нишондани дарахтро талқин мекард, фоидаву савоби ин амалро ёдовар мешуд. Агар медиду мушоҳида менамуд, ки нафаре аз аҳли деҳа дар ин амал фориғбол аст, худаш чанд ниҳол меовард ва ҳамроҳи соҳиби хона онҳоро дар ҳотааш менишонданд. Дар мавсими пирӣ ин мард дар деҳа ба бунёди тутзор дар замини санглох, ки истифода намешуд, асос гузошт. Дарахтон қад кашиданд, ҳусн бахшиданд, як гӯшаи деҳаро сарсабзу зебо намуданд. Дар ивази ин амалаш ӯ аз масъулони хоҷагӣ (колхоз) музде талаб накард. Ҳамин тавр, тутзори ӯ якчанд мушкили мардумро мебаровард. Аммо шарт гузошта буд, ки бе иҷозату ҳузури ӯ шохаҳои тутро назананд. Мақсадашро мардум фаҳмиданд. Охир, задани шохаҳо низ қоидаи худро дорад ва на ҳар кас онро медонад ва бо эҳтиёту дилсӯзӣ иҷро мекунад.
Пас аз чанд сол меҳмони ин марди нуронӣ шудам, балки барои дидорбинияш, аёдаташ рафтам. Мӯйсафед мегирист. Пиндоштам, ки аз шиддати дарду ранҷурӣ мегиряд. Магар ӯ инро пай бурд, ки гуфт: – Не, писарам. Аз дарду ранҷурӣ намегирям. Одамӣ бояд ба дарду ранҷурӣ тоб биорад, шукр бикунад. Чӣ гуна шукр накунам? Умри хубу пурбаракат дидам. Мардуми деҳа эҳтиромам мекунанд, ҳар пешниҳодамро барои ободӣ, пешрафт мепазиранд. 
– Пас, барои чӣ мегирйед? – пурсидам аз ӯ. Пурсидаму он гоҳ пушаймон шудам. Бояд аз рӯи одоб хомӯш мемондам.
– Чӣ хел нагирям? Дили санг ҳам об мешавад, охир.
Аз зеҳнам гузашт, ки нафаре аз пайвандону наздиконаш аз дунё даргузаштаасту бар асари беморӣ барои гуселаш рафта натавонистааст.
– Тутзорро дида будӣ? – пурсид ӯ.
– Оре, – посух додам.
– Ин саҳар бо амри раиси нав раиси хоҷагӣ (колхоз) онро аз байн бурданд. Гуфтааст, ки дар ин ҷо бояд пахта бикорем, пахта муҳимтар аст. Охир, вақте ки ин қитъа, ин гӯша санглох буд, дар куҷо мегаштӣ, ки акнун дар фикри пахтазор намудани он шудӣ?
Надонистам, ки чӣ гуна тасаллояш бидиҳам. Хомӯш мондам. Ӯ низ чанде бо хомӯшӣ гирист ва баъд афзуд:
– Агар намедонӣ, бидон, ки ҳар дарахти нишондаи кас мисли фарзандаш аст. Акнун агар ҳисоби дарахтонро медонистӣ, хулоса мебаровардӣ, ки дар як дам чанд фарзанди маро куштанд. Ҷигарат хун намешавад? Дилат ба дард намеояд? Ба кӣ шикоят мебарӣ, ки раис раис аст ва сухани ӯро ҷонибдорӣ мекунанд? Бояд пахтазорро аз ҳисоби қатли фарзандони ман бунёд кунад?
Дигар дардҳои мӯйсафед шифо ёфтанд. Ранҷурияш ҳам аз миён рафт. Аммо ин дард, ин ранҷурӣ бо ӯ монд, ки монд. Ҳеҷ кас шифояш бахшида ва ин ранҷуриро аз вуҷудаш бароварда натавонист. Бо ҳамин дард, бо ҳамин ранҷурӣ дунёро падруд гуфт.
Тутзор ба пахтазоре, ки ҳосил бидиҳад, табдил наёфт. Агарчи ҳамасола он гӯшаи заминро шудгор мекарданду дон мекиштанд: ё сел мебурдаш ва ё борону жолаҳои пайдарпай имкони неш задани донаҳову нашъунамои ниҳолҳоро намедоданд. Об додани пахтазор низ дар ин қитъа сари вақт даст намедод ва осон ҳам набуд.
Он нафароне низ, ки ниҳолҳои тутро дар ду ҷониби роҳ нишонда буданд, дигар дар қайди ҳаёт нестанд. Агар мебуданд, ба яқин, аз марги иҷбории фарзандонашон, яъне дарахтони тут, ранҷ мебурданд.
Ба шодмонии арвоҳи ин гуна шахсон, сарсабзии диёрамон ва рушди соҳаи пиллапарварӣ бояд бештару бештар ниҳоли тут бинишонем ва ҷуброни амалҳои номатлубро бинамоем. Охир, аз рӯи панду таъкиди пешиниёнамон, ниёгонамон ҳар нафари моро зарур аст, ки дар тамоми умри атокарда ақаллан се ниҳол шинонему сарсабз намоем. Ин қарзи зиндагӣ ва инсонии мо аст. Ба бахти мо ва миллатамон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъанаи ниёгонро эҳё намуданд. Акнун мо бояд дар ин маврид масъулиятро ҷиддӣ эҳсос бикунем ва бишиносем.

Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»  

P.S.: Мувофиқи нақша соли гузашта дар доираи Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2024 наздики як миллион бех ниҳоли тут бояд ворид мегардид. Аз ин миқдор танҳо 150 ҳазорро ворид намуданд.
Агар, воқеан, тавре аз маълумот бармеояд, дар кишвар 12 миллион бех ниҳоли тут ва беш аз 2190 гектар майдони тутзор дошта бошем, бояд мушкилотеро дар ин маврид ва соҳа эҳсос намекардем. Аммо он гуна, ки зикр шуд, мурод ташаббус гирифтан дар бунёди тутзорҳои нав ва нишондани ниҳолҳои тут дар канори роҳҳо асту идомаи амалҳои неки пешиниён, ниёгонамон. 


Санаи нашр: 19.04.2023 №: 81-82
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив