ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ Ё ТАСВИБИ САНАДЕ, КИ КОРҶӮЁНРО БА БОЗОРИ НАВИ МЕҲНАТ МЕБАРАД
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор аз ҷониби вакилон пазируфта шуд.
Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии мавзуъ иброз дошт, ки мавриди амал қарор гирифтани ин Ёддошти тафоҳум ба дарёфти бозори нави меҳнат, табодули таҷрибаи пешқадам замина ва шароитҳои мусоидро фароҳам оварда, ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Зикр шуд, ки тарафҳо тасмим доранд марҳалаи якуми сафарбарсозии шаҳрвандони кишварро ба Ҷумҳурии Корея тибқи низоми EPS дар моҳи июни соли ҷорӣ оғоз намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати шуғл ва меҳнати Ҷумҳурии Корея оид ба фиристодан ва қабули кормандон тавассути низоми иҷозати кор 31-уми октябри соли 2024 ба имзо расида буд.
Қиёмиддин Давлатзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гуфт, ки мақсад аз имзои Ёддошти мазкур таъсиси заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳким ва рушди босуботи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея мебошад.
Коршиносон ба он назаранд, ки Ёддошти тафоҳум механизми ҳифзи ҳуқуқ, манфиат ва озодии шаҳрвандони моро дар Ҷумҳурии Корея муайян намуда, муқаррароти он пурра ба манфиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва оқибатҳои манфии сиёсӣ, иқтисодию молиявӣ надорад.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.04.2025 №: 73
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ