ИТТИЛОИЯ
17-уми апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар маҷлис, ки бо иштироки аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷараён гирифт, масъалаи дақиқ муайян намудани оқибатҳои заминҷунбӣ дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва бартарафсозии онҳо баррасӣ гардид.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ҳадаф аз баргузор кардани маҷлиси ғайринавбатӣ, ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминҷунбӣ, дастгирӣ ва расондани кумаки ҳаматарафа ба аҳолии осебдида мебошад.
Таъкид шуд, ки бо мақсади муайян намудани хисороти расида аз ин офати табиӣ ва ташкили корҳои бартарафсозии оқибатҳои он ба таври фаврӣ Комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири кишвар ва дар ҳайати роҳбарони вазорату идораҳо таъсис ёфта, ба ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод сафарбар гардид.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба оқибатҳои заминҷунбӣ ва ташкили корҳои бартарафсозӣ роҳбари Комиссияи ҳукуматӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, роҳбарони як қатор мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод гузориш доданд.
Гуфта шуд, ки 13-уми апрели соли 2025, соати 09:24 дақиқа, дар ҳудуди кишвар заминҷунбӣ ба амал омад. Маркази он дар масофаи 160 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ва 21 километр аз ноҳияи Рашт буда, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балл, дар ҳудуди минтақаи Рашт 4-5 балл ва шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Худи ҳамон рӯз се ҳолати дигари заминҷунбӣ дар минтақаи мазкур бо қувваи камтар ба қайд гирифта шуд.
Тибқи маълумот, дар ноҳияҳои мазкур, дар маҷмуъ, 65 хонаи истиқоматӣ пурра ва 193 хона қисман вайрон гашта, ба 150 хонаи дигар осеби сабук ва ба 193 иншооти ёрирасон зарар расидааст. Аз ҷумла, 1 беморхонаи минтақавӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 8 иншооти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар иншоот зарар дидаанд.
Дар натиҷаи ин офати табиӣ 1 нафар ба ҳалокат расида, 16 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки корҳо оид ба дақиқ намудани ҳаҷми пурраи хисорот идома доранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди гузориши шахсони масъул барои ҳарчи зудтар ва пурра рафъ намудани оқибатҳои ин заминҷунбӣ, ҳалли мушкилиҳои пешомада ва бо ёриву ғамхории ҳамаҷониба фаро гирифтани аҳолии осебдида ба Комиссияи ҳукуматӣ, мақомоти дахлдор ва раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супоришҳои мушаххас доданд.
Аз ҷумла, Комиссияи ҳукуматӣ ва ситодҳои ноҳиявии Рашту Тоҷикобод вазифадор гардиданд, ки оид ба муайян кардани хисороти расида аз заминҷунбӣ, ташкили корҳои бартарафсозӣ ва дар муҳлати кӯтоҳ пурра бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ фавран чораҳои зарурӣ андешанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ва дигар сохторҳои марбута аз Роҳбари давлат супориш гирифтанд, ки ҳаҷм ва маблағи зарари расидаро бо дарназардошти рӯйхати оилаҳои хонаҳояшон пурраву қисман вайроншуда ва дигар бинову иншооти зарардида фавран муайян созанд.
Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки шахсони масъул дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқгардидаи комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод рӯйхати аниқшудаи оилаҳои зарардидаро барои расондани кумакҳои яквақтаинаи моддӣ пешниҳод намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти марбута барои арзёбии ҳолати бинову иншооти давлатии зарардида, ҷудо намудани миқдори зарурии масолеҳи сохтмонӣ, маводи хӯрока ва ниёзи аввалия, бо дарназардошти меъёрҳои сохтмонии ба заминҷунбӣ тобовар таҳия кардани лоиҳаи хонаҳои чорҳуҷрагӣ ва дуҳуҷрагӣ барои дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин сохтани хонаҳо ба оилаҳои осебдида, супориш доданд.
Дастур дода шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод баъд аз дастрас гардидани масолеҳи сохтмонӣ якҷо бо аҳолӣ ва шахсони саховатпешаву ватандӯсти кишвар барои тариқи ҳашар ба роҳ мондани корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии хонаҳои вайроншуда тадбирҳо андешанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута барои ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои хонаҳояшон вайроншуда баҳри бунёди манзили истиқоматӣ дар мавзеъҳои амн супориш доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазорату идораҳои дахлдор талаб карданд, ки барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани раванди таълим, ба табобати саривақтӣ фаро гирифтани нафарони ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, назорати қатъии ҳолати санитарию эпидемиологӣ дар минтақаҳои аз офати табиӣ зарардида ва сари вақт таъмин намудани сокинон бо маводи доруворӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ, чораҳои қатъӣ андешанд.
Таъкид гардид, ки фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва раванди таълиму тарбияи хонандагон, аз ҷумла дар ҷойҳои муваққатӣ, бояд бемонеа идома ёбад.
Дар асоси супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои дигар вазифадор шуданд, ки оид ба кӯчондани аҳолӣ аз мавзеъҳои дорои хавфи баланди сейсмикии ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, омӯзиши ҳамаҷонибаи оқибатҳои заминҷунбӣ ва сабабҳои ба вуқуъ омадани онро ба роҳ монда, барои сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар дар минтақаи осебдида ба Ҳукумати кишвар таклиф пешниҳод намояд.
Ширкати “Тоҷиксуғурта” якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки ба ҳар як оилаи аҳолии аз заминҷунбӣ зарардида, сарфи назар аз мавҷудияти шартномаи суғуртавӣ, тибқи рӯйхати тартибдодаи Комиссияи ҳукуматӣ, маблағ пардохт намоянд.
Аз мардуми саховатпешаю савобҷӯ, аз ҷумла онҳое, ки маблағҳои зиёди худро барои ҳаҷ ва умра сарф мекунанд, даъват карда шуд, ки хайроту садақоти худро ба расондани кумак ба зарардидагони ин ва дигар офатҳои табиӣ низ равона созанд.
Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод дастур дода шуд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои хонаҳояшон пурра вайроншуда то якуми ноябр ба истифода супурда, минбаъд корҳоро дар самти пешгирии оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, огоҳии аҳолӣ ва дигар чорабиниҳо, ба роҳ монанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону масъулони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикободро вазифадор карданд, ки бо дарки масъулияти баланд иҷрои вазифаҳои гузошташударо сари вақт таъмин намуда, аз натиҷааш мунтазам ба Ҳукумати кишвар маълумот пешниҳод намоянд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назорати иҷрои дастуру супоришҳоро оид ба бартараф кардани оқибатҳои заминҷунбӣ ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намуданд.
Санаи нашр: 18.04.2025 №: 75-76
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН