КОДЕКСИ МАДАНӢ. СОХТМОНҲОИ ХУДСАРОНА ПЕШГИРӢ МЕШАВАНД!
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шуда, ба тасвиб расид.
Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ зимни баррасии лоиҳаи Қонуни мазкур иброз дошт, ки он бо мақсади такмили қисми 5 моддаи 293 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, танзими расмиёти эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона таҳия ва пешниҳод гардидааст.
Дар лоиҳаи баррасишаванда пешниҳод гардид, ки дар ҷумлаи якуми қисми 5 моддаи 293 калимаҳои “бо талаби он аз ҷониби суд” ба калимаҳои “дар асоси аризаи ӯ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” иваз карда шуда, минбаъд баррасии масъалаҳои эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат гирад. - Таклифи мазкур асоси воқеӣ дорад, зеро мутобиқи қисми 5 моддаи 293 Кодекси маданӣ ягона шарти эътирофи ҳуқуқи моликият ба сохтмони худсарона ин ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон мебошад, - гуфт Рустам Шоҳмурод.
Таъкид шуд, ки сохтмони худсарона, пеш аз ҳама, як шакли ҳуқуқвайронкунии маданӣ ба ҳисоб меравад. Шахсе, ки сохтмони худсаронаро анҷом додааст, ғайриқонунӣ будани амалҳои хешро дарк намуда, дидаю дониста ба он роҳ медиҳад. Бинобар ин, мутобиқи қисми 2 моддаи 293 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе, ки худсарона сохтмон анҷом додааст, ба он ҳуқуқи моликият пайдо намекунад. Гузашта аз ин, чунин амволи ғайриманқул, аз ҳисоби шахсе, ки онро худсарона сохтааст, бояд бартараф карда шавад.
Шодмон АБДУРАҲИМ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 28.04.2025 №: 83
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ