КОНИБОДОМ. БА ПЕШВОЗИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ЗИЁДА АЗ 700 ИНШООТ СОХТА МЕШАВАД
Соли 2026 мардуми Тоҷикистон Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо руҳбаландӣ ва ифтихори миллӣ таҷлил хоҳанд кард. Ба ин муносибат, дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, аз ҷумла шаҳри Конибодом, корҳои созандагию ободонӣ дар сатҳи зарурӣ ҷараён доранд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҳанӯз соли 2022 нақшаи чорабиниҳои ҷашниро таҳия ва тасдиқ намуда буд, ки мутобиқи он бояд дар шаҳри Конибодом 714 иншоот сохта шавад. Дар доираи ин нақша, бунёду навсозии як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар назар аст, ки то ҷашни истиқлолият пурра ба истифода дода хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои муовини раиси шаҳри Конибодом Баҳоваддин Баҳоваддинзода, дар соли 2022 сохтмони 142 иншоот ба нақша гирифта шуда буд, вале бо андешидани тадбирҳои амалӣ 154 иншоот мавриди истифода қарор гирифт. Соли 2023 низ нақшаи пешбинишуда барзиёд иҷро гардида, ба ҷойи 142 иншоот 150 иншоот сохта шуд. Соли 2024 бошад, 153 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки нисбат ба нақша 9 бино зиёд мебошад. Имсол низ сохтмони 142 иншоот дар нақша аст. То 31-уми март сохтмони 35 иншоот ба анҷом расид, ки 24,6 фоизи нақшаи пешбинишудаи соли равон мебошад. Бо ба истифода додани ин иншоот дар шаҳри Конибодом 90 кас бо кор таъмин гардид.
Сохтмони иншооти таъиноташон гуногун, ҷобаҷогузории биноҳои ҳаётан муҳим дар мувофиқа бо ҶСК “Шаҳрофар”-и шаҳри Душанбе ва Шурои шаҳрсозӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Дар корҳои созандагӣ саҳми сокинони ватандӯст ва соҳибкорони маҳаллӣ шоистаи таҳсин аст. Бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ 8 бинои баландошёнаи истиқоматии замонавӣ сохта шуд.
Дар радифи корҳои ободонӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ низ аз самтҳои муҳими омодагиҳо ба шумор меравад. Дар муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ силсилаи мулоқот, конфронсҳо, озмунҳо ба ифтихори ин Ҷашн баргузор мешаванд. Ин чорабиниҳо дар тарбияи ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстии насли наврас нақши муҳим мебозанд.
Дар шаҳри Конибодом барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо руҳияи созандагӣ ва ваҳдати миллӣ омодагӣ мебинанд. Ташаббусҳои амалишаванда гувоҳи онанд, ки мардуми шарафманди шаҳр барои таҷлили шоистаи ин рӯйдоди сарнавиштсоз тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.05.2025 №: 88
