ВМКБ. ШИНОСОИИ ВАЗИРИ НАҚЛИЁТ АЗ ИНШООТҲОИ МУҲИМ

05 май 2025, Душанбе
7
Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, бо супориши Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмону таҷдиди қитъаҳои алоҳидаи шоҳроҳи Душанбе - Дарвоз - Хоруғ - Қароқурум ва дигар иншооти муҳими соҳаи нақлиёт дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуд.
Нахуст, вазир аз корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб - Ванҷ- даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон дидан намуд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин иншоот бештар аз 900 нафар коргар фаъолият дошта, 255 техникаву механизмҳои роҳсозии муосир ба кор ҷалб шудаанд. Дар ин масир 15 пул, ду нақби мошингузар, панҷ долон, такядеворҳо, лӯлаҳои обпарто, новаҳои боз ва ҷӯйборҳои канорироҳӣ сохта шуда истодаанд. Кор дар нақби якум, ки қариб 3388 метр тул мекашад, бомаром идома дорад. Дар бунёди нақб 200 нафар коргар ба кор ҷалб гардидааст. Азим Иброҳим ҷиҳати тезондан ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод. Дар нақби дуюм ҳам, ки бештар аз 1800 метр дарозӣ дошта, деҳаҳои Тоғмай ва Курговадро ба ҳам мепайвандад, корҳои сохтмонӣ вусъати тоза касб кардаанд. Дар ин ҷо корҳои пармакунӣ, мустаҳкамкунии муваққатӣ, арматурбандӣ, бетонкунии қисматҳои болоӣ ва поёнии нақб тибқи нақша идома доранд.
Азим Иброҳим ба ҷараёни кор дар таъмиру азнавсозии роҳи автомобилгард аз шоҳроҳ то маркази ноҳияи Ванҷ ва бунёди бинои нави МД "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард" дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ шинос шуда, суръату сифати корҳоро аз рӯйи меъёрҳои муқарраршуда баҳогузорӣ намуд. Тибқи лоиҳаи сохтмон роҳ аз сероҳаи Ванҷ то маркази ноҳия пурра мумфарш шуда, дар пул барои ҳаракати дутарафаи нақлиёт имконият таъмин мегардад.
Вазирро зимни боздид аз сохтмони пули калони мошингузари маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот Худобердӣ ҳамроҳӣ намуд. Сохтмони пули мазкур моҳи июни соли 2023 расман оғоз гардида, он 15 метр паҳно, 200 метр дарозӣ ва 100 тонна иқтидори борбардорӣ дорад. Баъди пайваст шудани ду тарафи соҳил роҳҳои ба пул пайвастшаванда дар масофаи 1 километру 100 метр таҷдиду навсозӣ ва чароғон карда мешаванд. Пули мазкур бо тарҳи байналмилалӣ сохта шуда, аз ҳафт сутунпояву зербино ва ду самти ҳаракати нақлиёт иборат мебошад. Аз ҳар ду ҷониби пул бунёди роҳи пиёдагард ҳамчун эстакада ба нақша гирифта шудааст.
Гурӯҳи корӣ, ҳамчунин, рафти корҳои сохтмониро дар бунёди долони зиддитармавӣ дар минтақаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули мошингард дар ҳамин мавзеъ аз болои рӯди кӯҳии Шорвдара аз назар гузаронд. Дар ҷаласаи сайёре, ки баъди боздид аз иншоот дар шаҳри Хоруғ баргузор шуд, А. Иброҳим ба масъулон ҷиҳати тезондани корҳои сохтмонӣ, таъмини сифати баланди кор ва бехатарӣ дар ин иншоот супориш дод.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 05.05.2025 №: 88