ХУҶАНД. АЗ МАДАНИЯТИ ШАҲРДОРӢ ТО АНЪАНАҲОИ ШАҲРВАНДӢ

06 май 2025, Сешанбе
17
Маданияти шаҳрдорӣ дар таърихи инсоният аз замонҳои қадим вуҷуд дорад, ки низоми идоракунии шаҳр, ҳифзи муҳити зист, ҷомеаи шаҳрвандӣ, фарҳанг ва таърихро дар бар мегирад. Албатта, шаҳрдорӣ бо сохтори муайяни идоракунӣ алоқаманд аст, ки ҳадафи он таъмини хидматҳои зарурӣ ва танзими ҳаёти шаҳрнишинон мебошад. Аз ҷониби дигар шаҳрванд будан танҳо маънои зиндагӣ кардан дар як шаҳрро надорад. Шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, масъулият ва иштироки фаъолонаи шахсро дар корҳои ҷамъиятӣ талаб менамояд. Ҳар як шаҳрванд бояд қонунҳои ҷории давлатиро риоя кунад ва дигаронро низ ба ин ташвиқ намояд.
Имрӯз Хуҷанд дар баробари дигар шаҳрҳои Тоҷикистон яке аз шаҳрҳои рушдёфта ба ҳисоб рафта, бо инфрасохтори муосир, боғҳои зебо, марказҳои таълимӣ ва фарҳангии худ ба як намунаи шаҳрдории муосир табдил ёфтааст.
Дар доираи барномаҳои давлатии ҳифзи муҳити зист ва ободонии шаҳр, ҳар сол дарахту буттаҳои ороишӣ ва сояафкан шинонда мешаванд. Боғу гулгаштҳои нав бунёд шуда, кӯчаҳои шаҳр бо гулҳои рангоранг ва рустаниҳои гуногун зинат меёбанд. Сокинони Хуҷанд низ дар раванди ободонии шаҳр нақши фаъол мебозанд. Бо талоши Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва иштироки фаъоли сокинон, шаҳри Хуҷанд сол ба сол сабзу хуррам гардида, барои зиндагии солим ва муҳити зисти тоза мусоидат менамояд. Бо омад-омади фасли баҳор дар Хуҷанд чорабиниҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ бештар мегарданд. Дар ин робита, ҳар сол Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо дастгирии аҳолӣ шанбегиҳои дастаҷамъона ташкил мекунад, ки дар он сокинон ба тозагӣ ва сабзгардонии маҳаллаҳои худ саҳм мегузоранд. Ниҳолшинонӣ, гулкорӣ ва тозакунии кӯчаҳо аз тадбирҳои асосии ин маъракаҳо ба ҳисоб мераванд. Дар ин робита, чанде пеш дар хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд беш аз 200 бех дарахти нодири магнолия шинонда шуд. Корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ идома доранд.
ТАРҒИБИ ФАРҲАНГИ ТОЗАГӢ
Дар хотир бояд дошт, ки тозагии шаҳр на танҳо вазифаи корхонаҳои коммуналӣ, балки масъулияти ҳар як шаҳрнишин низ мебошад. Партов ва идоракунии дурусти он дар муҳити шаҳрӣ нақши муҳим мебозад, зеро партовҳои ҷамъшуда метавонанд ба муҳити зист, саломатии одамон ва зебоии шаҳр таъсири манфӣ расонанд.
Имрӯз бо шоҳид шудан аз муносибати хунукназаронаи баъзе сокинон ва бепарвоии онҳо нисбат ба тозагии муҳити атроф табъи кас хира мегардад. Муаммои нигаронкунанда ба ҷойҳои махсуси партов напартофтани партовҳои маишӣ боқӣ мемонад. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки партовҳои партофташуда ба ҳаво, об ва хок таъсири манфӣ мерасонанд. Аз он сабаб, ки партовҳоро ба ҷойи махсуси ҷудошуда намепартоянд, сари вақт аз шаҳр берун бурда намешаванд. Партовҳои ҷамъшуда сабаби паҳншавии бактерияҳо ва вирусҳо гардида, симои шаҳрро низ хароб месозанд.
Тарғиби фарҳанги тозагӣ низ хеле муҳим аст, ки дар ин самт мо – рӯзноманигорон, корҳои мушаххасро ба иҷро расонда метавонем. Аз хурди омӯзондани кӯдакон ба одати дуруст партофтани партовҳо низ хеле муҳим аст.
Танҳо бо ҳамкории шаҳрвандон ва мақомоти коммуналӣ метавонем шаҳрҳои тозаву озода ва зебо дошта бошем. Вақте ки шаҳрвандон масъулияти худро дарк мекунанд ва барои беҳбудии муҳити зисту зиндагии хеш саҳм мегузоранд, шаҳрҳо рушд мекунанд ва зиндагӣ дар онҳо беҳтар мегардад. Аз ин рӯ, ҳар як шахс бояд барои татбиқи анъанаҳои шаҳрдорӣ ва рисолати шаҳрвандии худ кӯшиш намояд, то ки ҷомеаи пешрафта ва мутамаддинро бунёд созад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 06.05.2025 №: 89