ПАНҶАКЕНТ. ТАНТАНАИ ИСТИҚЛОЛУ АВҶИ ОБОДКОРИҲО

12 май 2025, Душанбе
22
Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Панҷакент як қатор иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, дар деҳоти Косатароши шаҳр бо саҳми соҳибкор Талабшо Шарифов чойхонаи замонавӣ ва дар деҳоти Саразм майдончаи варзишӣ ба истифода супурда шуданд.
Чойхона дар хатсайри сайёҳии Ҳафткӯл ҷойгир буда, бо услуби меъмории миллӣ бунёд ёфтааст. Бо оғози фаъолияти он 10 нафар соҳиби ҷойи кор гардид. Инчунин, дар хиёбони ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии шаҳр коргоҳи дӯзандагии ҶДММ "Маҳсул" ба фаъолият оғоз кард, ки, асосан, ба дӯхти либосҳои мактабӣ машғул аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳ 15 бонуи хонашин бо ҷойи кор таъмин шуд.
ДЕҲОТИ ЁРӢ СОҲИБИ ПУЛ ШУД
Бо мақсади фароҳам овардани шароити беҳтар барои сокинон дар деҳоти Ёрӣ пули нави мошингузар бунёд гардид.
Аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, ки пул дар болои дарёи Зарафшон сохта шуда, 51 метр дарозӣ ва 4,5 метр паҳноӣ дорад. Иқтидори борбардории иншооти ҷашнӣ 60 тонна буда, барои ҳаракати бемамониати нақлиёт дар ҳамаи фаслҳои сол шароит фароҳам меорад. Қаблан, сокинони деҳоти Ёрӣ барои расидан ба роҳи асосӣ маҷбур буданд, ки 10 километрро тай намоянд. Акнун, бо истифода аз ин пул, фосилаи роҳ 2 километр кӯтоҳ шуд. Пул бо маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, барои беҳтар шудани шароити зиндагии аҳолӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии минтақа хизмат хоҳад кард.
СОХТМОНИ КӮДАКИСТОНУ МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ВУСЪАТ МЕЁБАД
Айни замон дар деҳаи Навободи деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сохтмони кӯдакистони сеошёна идома дорад. Иншоот бо ташаббуси сокинон ва саҳми соҳибкорон ба таври ҳашар бунёд гардида, барои 240 кӯдак пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар деҳоти Косатарош сокини маҳаллӣ Нарзулло Раҷабов бо бародаронаш бунёди кӯдакистонро барои 300 кас дар нақша дорад. Бинои муассисаи томактабӣ сеошёна буда, бо беҳтарин шароити таълиму тарбия таъмин хоҳад шуд.
Дар деҳаи Боғчаи деҳоти Шинг сохтмони бинои МТМУ №115 идома дошта, пас аз мавриди истифода қарор гирифтан, 1000 хонанда дар ду баст ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.05.2025 №: 92