ХУҶАНД. ТАҶЛИЛИ 35-СОЛАГИИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ МОНДАГОР ХОҲАД БУД

14 май 2025, Чоршанбе
13
Имсол ба файзи қудуми Роҳбари давлат ва сарварони кишварҳои ҳамсоя Хуҷанди бостонӣ намои зеботар гирифта, чун шаҳри дӯстӣ вирди забонҳо шуд. Ҳарчанд шаҳри қадима бо намои нав дар соҳили Сирдарё медурахшад, роҳбарияти он барои боз ҳам ободтар гардондани ин гӯшаи дилфиреби Ватан иқдомҳои зиёдеро рӯи даст гирифтаанд.
ДАР СОҲИЛИ СИРДАРЁ ОСОИШГОҲ ВА МАРКАЗИ ИСТИРОҲАТӢ БУНЁД МЕШАВАНД
Чуноне аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, дар соҳили Сирдарё, дар маҳаллаи Темурмалик осоишгоҳ ва маркази истироҳатӣ бунёд мегарданд, ки аз рӯи лоиҳа ба яке аз маконҳои дилфиреби шаҳр табдил хоҳанд ёфт. Ин тадбир, бешубҳа, ба ҷалби бештари сайёҳон ба ин мавзеи таърихӣ мусоидат менамояд, зеро макони ҷойгиршавиаш барои истироҳат хеле мувофиқ аст.
Ҳамзамон, дар ҳамин маҳалла сохтмони маҷмааи биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст, ки қад афрохтани онҳо симои ин мавзеъро ҷолибтар мегардонад.
«СУҒД АРЕНА»
Дар як вақт то 1000 нафар дар он машқу тамрин хоҳад кард
Бунёди Маҷмааи муосири варзишии «Суғд Арена» аз иншооти муҳими ҷашнии дигарест, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа, Маҷмаа аз толорҳои замонавӣ барои намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла бокс, гӯштингирӣ, гимнастикаи бадеӣ, шоҳмот, шашка, теннис ва таеквондо иборат буда, сохтмони толорҳои махсус барои баргузории мусобиқаҳои байналмилалӣ низ дар назар аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани Маҷмаа то 1000 нафар дар як вақт метавонад машқу тамрин намояд.
РОҲЕ, КИ 20 СОЛ БОЗ ТАЪМИРТАЛАБ БУД, МУМФАРШ МЕГАРДАД
Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳр хабар медиҳад, роҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абумаҳмуди Хуҷандӣ то кӯчаи 30-солагии Ғалаба беш аз 20 сол таъмирталаб буд. Бо дастури шаҳрдорӣ мумфаршкунии он ба масофаи беш аз 600 метр идома дорад. Дар радифи ин ободкориҳо, сокинони маҳаллӣ низ иқдомҳои шоистаеро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, бо ташаббуси онҳо гирду атрофи биноҳои баландошёна низ асфалтпӯш мегардад.
М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 14.05.2025 №: 95