НЕРУИ БАРҚ. АЗ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ТО МАСЪУЛИЯТИ ҚОНУНӢ

28 май 2025, Чоршанбе
55
Барқе, ки аҳолии кишварамон истифода мебарад, асосан тавлидёфта аз об аст. Чун об сарвати бебаҳои мост, барқ низ дороии пурарзишест, ки бояд мавриди истифодаи оқилона қарор гирад. Мутаассифона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳанӯз ҳам дар сатҳи ҷомеа дарки дурусти чи гуна тавлид ёфтани неруи барқ, шинохти амиқи моҳияти иҷтимоӣ ва аҳамияти иқтисодии он пурра ташаккул наёфтааст.
Ниҳоят камбудиҳои дар ин самт солҳо такрорёбанда боиси нигаронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардид, ки зарурати ислоҳи вазъро бо такя ба меъёри қонун ба миён гузоштанд.
Аслан, қонун ҳамчун маҳсули арзишманди ақли башарӣ барои чӣ эҷод мешавад? Вақте дар ин ё он соҳаи ҳаёти ҷомеаи инсонӣ мушкилие ба вуҷуд меояд, ки танҳо танзими ҳуқуқӣ метавонад боиси ислоҳи вазъ шавад, раванди қонунэҷодкунӣ, аз таҳияи қонун шуруъ намуда, то баррасиву ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтани он роҳандозӣ мегардад. Мушкилоту муаммое, ки дар самти истифодаи неруи барқ тули чанд соли охир хеле доманадор шакл гирифта буд, танҳо ба танзими қонунӣ эҳтиёҷ дошт. Зарурати ҳаётӣ, печидагии истифодаи неруи барқ ва норасоиву камбудиҳои вобаста ба он масъалаи бо роҳи таъсиргузории қонунӣ ҳал намудани ин мушкили зиёноварро пеш гузошт.
Ҳоло дар доираи вусъати истеҳсолоти саноатӣ ва тавлидоти фанновариҳои таҷҳизоти техникӣ, ки воситаҳои алоқа, техникаи маишӣ, ҳатто воситаҳои нақлиёт, ба манбаъҳои таъминоти барқ торафт сарбориро афзун мекунанд, масъалаи таъминот бо барқ аҳамияти хело муҳими ҳаётӣ пайдо намуда истодааст. Агар, чанд сол пеш дар фасли сармо эҳтиёҷ ба барқ меафзуду ниёзи ҷиддӣ ба гарм намудани хонаву коргоҳ ба вуҷуд меомад, солҳои охир таҳти таъсироти манфии тағйирёбии иқлим, гармшавиҳои бесобиқа дар фасли гармо салқин нигоҳ доштани хонаву коргоҳ ба зарурати шадид табдил ёфтааст, ки таҷҳизоти хунуккунанда низ ҳамагӣ вобаста ба манбаъҳои нерурасони барқӣ мебошанд.
Аз ин рӯ, бояд истифодаи оқилонаи неруи барқ, роҳ надодан ба исрофкорӣ дар истифодаи он, дар рӯзгор ва коргоҳ истифода бурдани лампаҳо ва дигар таҷҳизоти барқии каммасраф, сафарбаркунии неруву воситаҳои ҷамъиятӣ барои пешгирии ҳолатҳои қонуншиканиро ба хислату одати маъмулӣ табдил диҳем.
Ягона роҳи муассиру натиҷабахши пешгирии ҳолатҳои истифодаи нодурусту ғайриқонунии неруи барқ, пеш аз ҳама, ташаккули афкори сарфаҷӯёна, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ё худ мустаҳкам намудани ҳисси масъулияти қонунии шаҳрвандон ба шумор меравад, ки дар иҷрои ин амр бояд ҳамагон саҳмгузор бошем. Дараҷаи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятии муқарраргардида вобаста ба истифодаи нодурусту худсаронаи неруи барқро баланд бардорем. Дар ин сурат асосҳои маънавӣ ва моддии расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат устувору бегазанд хоҳанд буд.
Суҳроб РУШАНЗОДА,
раиси суди вилояти Суғд
Санаи нашр: 27.05.2025 №: 105