ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ ВА ТАНЗИМИ ТАРТИБИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТИ ХАТМ
Дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” ба тасвиб расид.
Ҷамила Мусоҷонзода, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, зимни баррасии мавзуъ иброз дошт, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади такмили қонунгузорӣ ҷиҳати ба танзим даровардани тартиби додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ба хатмкунандагони курсҳои бозомӯзӣ таҳия гардидааст.
Зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илм лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ”-ро тибқи банди 18 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва иштирок дар Рӯзи дониш 1-уми сентябри соли 2023 баён доштанд, таҳия намудааст.
Иттилоъ доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”