БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
"РОМИТ. АГАР ИМКОНИЯТҲО ПУРРА ИСТИФОДА ШАВАНД..."
Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои муфид дар татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба Шумо изҳори сипос менамояд.
Ҳамчунин, иттилоъ медиҳад, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаи Шаҳноз Қурбонро, ки таҳти унвони "Ромит. Агар имкониятҳо пурра истифода шаванд..." (26-уми майи соли 2025, № 104) дар нашрияи "Ҷумҳурият" нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор дод.
Масъалаҳои дар мақола инъикосёфта, воқеан ҳам, саривақтӣ ва воқеӣ буда, ҳалли онҳо дар доираи нақшаву барномаҳои соҳаи сайёҳии кишвар амалӣ мегарданд. Тавре дар мақола зикр шудааст, иқтидори сайёҳии дараи Ромит зиёд аст ва роҳ ба мавзеъҳои дурдасти Канаск, Явроз ва Аҷинадара душворгузар буда, боиси коҳиши рушди соҳаву рушди сайёҳии дохилӣ мегардад.
Дар ин замина бояд қайд намуд, ки мушкилоти дар мақола зикршуда зери назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ин раванд Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025 қабул гардидааст, ки камбудиҳои болозикр дар баробари амалишавии Барномаи мазкур ҳаллу фасл мешаванд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли равон 21247 сайёҳ ба шаҳри Ваҳдат ташриф овардааст, ки аз ин шумора 220 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад.
Мавриди зикр аст, ки 29-уми майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардид, ки аз ҷониби Кумита барои иштирокдорони Конфронси мазкур 7 хатсайри сайёҳӣ омода ва пешниҳод карда шуд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ ҳамчун мақоми ваколатдор вазифаҳои худро тибқи нақшаҳои корӣ, санадҳои амалкунанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ намуда, дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳии кишвар саҳми арзанда мегузорад.
Р. ХОЛМАТИЁН,
муовини якуми раиси
Кумитаи рушди сайёҳӣ
