БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД
«РОМИТ. Агар имкониятҳо пурра истифода шаванд…»
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои ҳамкориҳои муфид дар татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба Шумо арзи сипос менамояд. Ҳамчунин, иттилоъ медиҳад, мақолаи Шаҳноз Қурбонро, ки таҳти унвони «Ромит. Агар имкониятҳо пурра истифода шаванд…» (26.05.2025, №104) дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Бояд гуфт, ки мавзеъҳои зебо, боду ҳавои мусоид, обҳои мусаффо, набототу ҳайвоноти нодир ва инфрасохтори сайёҳии дараи Ромит барои ташкили намудҳои гуногуни сайёҳӣ муфид аст.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дар дараи Ромит зиёда аз 60 истироҳатгоҳи оммавӣ, 250 истироҳатгоҳи хусусӣ (дача), 10 лагери мактабӣ, 4 боғи таҷрибавию истироҳатӣ, 5 хоҷагии моҳипарварӣ (асосан, навъи гулмоҳӣ), осоишгоҳҳои "Садбарг", "Зайрон-1", "Зайрон-2", "Шифо" (Калтуч) ва Резервати биосферии "Ромит" фаъолият намуда истодаанд.
Мавриди зикр аст, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат ду инфрасохтори сайёҳӣ: осоишгоҳи "Париж" (канори роҳи Ваҳдат – Душанбе) ва тарабхонаи "Ҳафт ахтарон" (дараи Ромит) сохта ба истифода дода шуданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли равон 21247 сайёҳ дар шаҳри Ваҳдат ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 220 нафараш сайёҳи хориҷӣ мебошад. Омори ташрифи сайёҳон ба шаҳр рӯ ба афзоиш дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1471 нафар зиёд мебошад.
Дар ҳақиқат ҳам, роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Ромит, тавре дар мақола ба он ишора шудааст, ба таҷдид ниёз дорад. Вобаста ба ин масъала Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бе таваҷҷуҳ набуда, ҳамасола роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Ромит аз таъмири ҷорӣ бароварда мешавад. Соли равон низ роҳи мазкур таъмири ҷорӣ гардида, чуқуриҳои роҳ бо мумқири гарм пӯшонда, ноҳамвории роҳ суфта карда шудааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2021-2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми сентябри соли 2021, №358 тасдиқ гардидааст, 13 лоиҳаи сармоягузорӣ дар шаҳри Ваҳдат мавҷуд мебошад, ки яке аз ин лоиҳаҳо таҳти банди 90 "Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Ромит" (масъулон Вазорати нақлиёт ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ) ба маблағи 27 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Дар сурати пайдо гаштани сарчашмаҳои маблағгузорӣ роҳи автомобилгарди Ваҳдат – Ромит аз таъмир бароварда мешавад.
Бо ба назар гирифтани ин нишондиҳандаҳо метавон гуфт, ки заминаи рушди сайёҳии дараи Ромит устувор гузошта шуда, дар оянда метавонад ҳазорон сайёҳони дохилию хориҷиро ба ин мавзеъ ҷалб намояд.
Ш.А. АБДУРАҲИМЗОДА,
муовини раиси шаҳри Ваҳдат
Санаи нашр: 26.08.2025 №: 164
