Қоҳир Расулзода дар ноҳияҳои Носири Хусрав ва Шаҳритус

03 сентябр 2025, Чоршанбе
31


Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ноҳияи Носири Хусрав бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бинои маъмурӣ (иловагӣ) дар назди МИМҲД ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.
Сарвазир дар деҳаи Лаби Ҳавзи деҳоти Тахти Хусрав бо сохтмони пойгоҳи обкашии МУЗ – Бешкент низ шинос шуд.
Ҳамчунин, Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Шарҳритус бо вазъи зиндагии мардум ва раванди созандагию бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ шинос гардид.


Вохӯрии вакилони палатаи поёнии Парлумон бо интихобкунандагон
Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагон, аз 1 то 10-уми сентябр вакилони он дар вилоятҳои Хатлон, Бадахшон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо интихобкунандагон мулоқот менамоянд.
Давоми даҳ рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон дар назди интихобкунандагон оид ба ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баргузории интихоботи соли 2025, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сухан мегӯянд.
Дар ин бора хабарнигори парлумонии «Ҷумҳурият» иттилоъ медиҳад.

Ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки муовини Сарвазир
1-уми сентябр бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2025-2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иштирок намуда, аз номи Ҳукумат донишҷӯёну устодон ва кулли кормандони Донишгоҳро бо оғози соли нави таҳсил табрик гуфта, ба онҳо дар таҳсил, таҳқиқот ва фаъолияти илмиву амалии минбаъда комёбиҳои нав таманно намуд.


Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СААД
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои бехатарии биологӣ баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар кори Шуро намояндагони котиботи аъзои СААД, Беларус, Қазоқистон, Россия ва Тоҷикистон иштирок намуданд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода дар мавзуи «Таҳлили вазъи таъмини бехатарии биологӣ дар ҷумҳурӣ» сухан гуфт.


Рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Эрон
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо мушовир, дастёри махсуси Раиси Маҷлиси шурои исломии Эрон дар умури байналмилалӣ Абулфазли Амуӣ вохӯрд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар додааст, зимни мулоқот таъкид гардид, ки парлумонҳои ду давлат дар рушди равобити дуҷониба ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷониба нақши муассир доранд.

Санаи нашр: 02.09.2025 №: 169