РОҲСОЗӢ – ТАҲКИМИ ИНФРАСОХТОР ВА НИШОНИ РУШД

15 сентябр 2025, Душанбе
39
Дар замони муосир, ки рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бе инфрасохтори пуриқтидор тасаввурнопазир аст, роҳсозӣ дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса дорад. Дар асоси супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмиру навсозии роҳҳо дар сартосари кишвар амалӣ мешаванд.
Мувофиқи маълумоти оморӣ оид ба рафти таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки то 15-уми августи соли 2025 пешниҳод шудааст, нишондиҳандаҳои мавҷуда аз татбиқи ҷиддии барномаҳои соҳавӣ ва вусъати корҳои амалӣ шаҳодат медиҳанд. Тибқи нақша, соли равон дар миқёси вилоят 2146 километр роҳ ба таъмир пешбинӣ гардида, то имрӯз 1691 километр роҳ бо сифати зарурӣ навсозӣ шудааст, ки 78,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Дар қатори шаҳру ноҳияҳо, ноҳияи Деваштич бо иҷрои 117 фоизи нақша (таъмири 227 км роҳ) намунаи ибрат гардид. Ноҳияи Ашт низ бо 193 км роҳ (91,2%) ва шаҳри Истаравшан бо 97,4 фоизи иҷрои нақша миёни пешсафон қарор доранд. Ҳамчунин, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Панҷакент, Зафаробод ва Шаҳристон нишондиҳандаҳои хуб ба қайд гирифта, нақшаро аз 63 то 87 фоиз иҷро намуданд.
Бо вуҷуди пешрафтҳои зикршуда, дар бархе шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла Истиқлол ва Мастчоҳ, иҷрои нақша қаноатбахш набуда, зарурати тақвияти корҳо ва боло бурдани самаранокии амалҳоро ба миён меорад.
Бидуни сармоягузории устувор татбиқи чунин лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ ғайриимкон аст. То 15-уми август барои соҳаи роҳсозӣ дар вилояти Суғд аз тамоми манбаъҳо 1736,3 миллион сомонӣ маблағ ҷалб гардидааст, ки 87,9 фоизи нақшаи маблағгузорӣ мебошад.
Татбиқи муваффақонаи барномаҳои роҳсозӣ рафтуомади мусоиди сокинонро таъмин мекунад ва, пеш аз ҳама, барои рушди тиҷорат, гардиши маҳсулот, сайёҳӣ ва дастрасии беҳтари аҳолӣ ба инфрасохторҳои иҷтимоӣ нақши калидӣ мебозад.
Дар баробари заҳмати соҳаҳои марбута, нақши фаъол ва ҳавасмандии соҳибкорон ва аҳолӣ дар ин раванд сазовори таҳсин мебошад.
Рушди шабакаҳои роҳ дар вилояти Суғд дар соли 2025 далели равшани татбиқи амалии Стратегияи миллии рушди кишвар, Барномаи миёнамуҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва сиёсати дурнигаронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 15.09.2025 №: 177