ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАРЗИШ.  ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ ИНФАНТИНО ВА ИБРОҲИМ АЛ-ХАЛИФА АЗ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ.  ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ ИНФАНТИНО ВА ИБРОҲИМ АЛ-ХАЛИФА АЗ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

04 май 2023, Панҷшанбе
28
0

 
- Барои ман ва ҳамкорам Салмон бин Иброҳим ал-Халифа дидору мулоқот бо ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихор аст. Мо дар як суҳбати самимӣ дастовардҳо, вазъи феълӣ ва дурнамои  рушди футбол дар кишвари зебоманзари шуморо баррасӣ карда, вобаста ба тақвияти ҳамкориҳо миёни Ҳукумат, Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол, Конфедератсияи футболи Осиё Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мувофиқаҳои нав даст ёфтем. Дар ҷараёни мулоқот эҳсос кардам, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди футбол таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар таҳкими зерсохтории ин навъи варзиш саҳми бевосита доранд.
Ин матлабро Ҷованни Инфантино, президенти  Федератсияи   байналмила-лии ассосиатсияи футбол (ФИФА), 2 майи соли ҷорӣ баъд аз мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури доираи васеи хабарнигорон баён дошт. Ин меҳмони баландмақом, ки бо Салмон бин Иброҳим ал-Халифа, президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО), дар канори ҳам суҳбат мекарданд, аз бунёди варзишгоҳи замонавӣ дар шаҳри Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, истиқбол намуд. Вай гуфт: «Бунёди варзишгоҳи бузург рамзест, ки моро ба дурнамои муваффақомези рушди футбол дар Тоҷикистон боз ҳам хушбинтар месозад. Ин ҳам дар ҳолест, ки, аллакай, инфрасохтори мавҷуда имкон медиҳад, то мо ҷиҳати доир намудани мусобиқоти сатҳи байналмилалӣ оид ба футбол дар Тоҷикистон иқдомоти бештар анҷом диҳем».
- Тоҷикон дар миёни дигар ақвоми ҷаҳон дорои тамаддун ва таъриху фарҳанги рангин ҳастанд ва ман итминон дорам, ки футбол ҳам бо миллионҳо ҳаводораш дар кишвар ҷойгоҳи баланд касб мекунад. Феълан, таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва талошу ибтикороти Федератсияи футболи Тоҷикистон ин амрро собит менамоянд ва мо дар риштаи футбол пешравиҳои назаррасро мушоҳида мекунем, - изҳор дошт Ҷованни Инфантино.
Зимнан, Салмон бин Иброҳим ал-Халифа, президенти Конфедератсияи футболи Осиё, низ аз дастовардҳои футболи тоҷик, бахсус дар зарфи 10 соли охир натиҷагирӣ карда, онро ҳосили таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сармоягузориҳои пайваста ба соҳа арзёбӣ намуд. Презденти КФО бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бори аввал дар  марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки моҳи январи соли 2024 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, иштирок мекунад. - Мо умедворем, ки тими мунтахаб дар ин мусобиқаи бонуфуз ба нишондодҳои назаррас муваффақ мегардад, - гуфт Салмон бин Иброҳим ал-Халифа.
Ёдовар мешавем, ки Ҷованни Инфантино ва Салмон бин Иброҳим ал-Халифа ҷиҳати иштирок дар Конгреси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доштанд.

Фирӯз РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.05.2023 №: 93
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив