ИДМ. ТАСДИҚИ 25 САНАД ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ҲУКУМАТҲО

02 октябр 2025, Панҷшанбе
34
29-уми сентябр дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи навбатии Шурои сарварони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки аъзои Шуро 25 санади заруриро барои тавсеа бахшидани ҳамгироӣ дар қаламрави Иттиҳод тасдиқ карданд.


Аз Вазорати нақлиёт ба мо иттилоъ доданд, ки ҷаласа таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, кишваре, ки соли 2025 дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисӣ мекунад, баргузор гардид.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳо дар ҳайатҳои маҳдуд ва васеъ аъзои Шурои сарварони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ се стратегияи рушди Иттиҳодро то соли 2035 қабул карданд. Аз ҷумла, қарорҳо дар бораи Стратегияи рушди илмӣ-технологӣ, Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчӣ, Стратегияи ҳамкорӣ дар рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва иқтисоди рақамӣ бо нақшаи тадбирҳои он то соли 2035 ба имзо расиданд.
Лоиҳаи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии ИДМ аз тарафи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ва Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ таҳия шудааст.
Муқаррароти асосии ин ҳуҷҷатро ба аъзои Шурои сарварони ҳукуматҳои ИДМ вазири нақлиёт Азим Иброҳим муаррифӣ намуд. Ба гуфтаи ӯ, ҳуҷҷат дар доираи татбиқи ҳадафҳои Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 таҳия шуда, ба баланд бардоштани самаранокии логистика, коҳиш додани хароҷот ва рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодии байни давлатҳои Иттиҳод равона шудааст. Дар таҳияи Стратегия манфиати умумии давлатҳои иштирокчии ИДМ дар рақамикунонии минбаъдаи маҷмаи нақлиёт, беҳбудии равандҳои логистикӣ, кам кардани хароҷот, баланд бардоштани суръату сифат ва шаффофияти хизматрасониҳои нақлиётӣ, инчунин, таъмини устувории экологӣ ба асос гирифта шуд.
«Дар шароити муосири рушди босуръати технологияҳои рақамӣ соҳаи нақлиёт бо зарурати мутобиқ шудан ба воқеиятҳои нав рӯ ба рӯ мешавад, ки ин аҳамияти рақамисозии долонҳои нақлиётиро ҳамчун воситаи асосии баланд бардоштани самаранокӣ ва рақобатпазирии онҳо ба вуҷуд меорад», – изҳор дошт Азим Иброҳим.
Қабули ин Стратегия на танҳо аҳамияти амалӣ, балки стратегӣ низ дорад. Ин як қадами ҷиддӣ дар роҳи ташаккули фазои ягонаи рақамӣ дар коммуникатсияҳои магистралии кишварҳои ИДМ хоҳад гардид ва ҳамгироии самараноки системаҳои нақлиётии кишварҳои мо, коҳиш додани монеаҳо барои тиҷорати байналмилалӣ, рушди робитаи иқтисодии минтақа ва таҳкими мавқеи ИДМ дар логистикаи глобалиро таъмин хоҳад кард.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 02.10.2025 №: 190