КОНФРОНСИ СММ ОИД БА ЗАХИРАҲОИ ОБ ДАР ТОҶИКИСТОН

17 октябр 2025, Ҷумъа
23


Соли 2028 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об баргузор хоҳад шуд, ки ин иқдоми муҳим дар таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим марҳалаи нав фароҳам меорад.

Ин нуктаро вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа дар мулоқот бо котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан дар Душанбе иброз намуд.

Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) Татяна Молчан барои иштирок дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» ба Тоҷикистон ташриф овардааст. Ҷонибҳо дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (UNECE) дар соҳаҳои энергетика, об ва иқлимро баррасӣ намуданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои ташаббускор ва пешоҳанг дар масъалаи обу иқлим дар минтақа ва ҷаҳон ба ҳисоб меравад. 
Хонум Татяна Молчан аз саҳми назарраси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об истиқбол намуд.

Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 17.10.2025 №: 203