БАРҚИЯҲОИ ИЗҲОРИ ТАСАЛЛӢ
1-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Хабари талафоти ҷонӣ ва осеб дидани шумораи зиёди одамон дар Ҷумҳурии Индонезия бар асари боришоти шадид ва ярчу обхезиҳои фалокатбор боиси андуҳи беандозаи мо гардид.
Вобаста ба пайомадҳои ин офатҳои табиии харобиовар ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Индонезия иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комилу оҷил хоҳонем».
* * *
1-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд муҳтарам Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Волоҳазрат,
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон дар Шоҳигарии Тайиланд бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвар боиси андуҳи бепоёни инҷониб гардид. Дар иртибот ба оқибатҳои харобиовари ин офати табиӣ ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Тайиланд ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».
* * *
1-уми декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка муҳтарам Анура Кумара Диссанаяке барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Президент,
Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи гарони мо гардид.
Вобаста ба ин мусибати сангин ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони қурбоншудагон ва тамоми мардуми дӯсти Шри-Ланка изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам».
