Дузде, ки ислоҳ нагардид, боз ба ҷавобгарӣ кашида шуд Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 36-сола ном мебарад, ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуд. Гумонбар дар ҳоле ба дасти милитсия

31 декабр 2025, Чоршанбе
7

Дузде, ки ислоҳ нагардид, боз ба ҷавобгарӣ кашида шуд

Як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз ӯ марди 36-сола ном мебарад, ба гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир шуд. Гумонбар дар ҳоле ба дасти милитсия афтод, ки қаблан бар асоси моддаи 244 қисми 2 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард 15-уми ноябри соли 2025 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии зани 44-солаи сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шуда, аз он ҷо ҷавоҳироти гуногуни тиллоӣ ва 50 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳоло алайҳи гумонбаршаванда бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 31.12.2025 №: 251-252