ДИҚҚАТ, ОЗМУН!
Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту
таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудааст, зери унвони
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА ЭҲЁИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ»
озмуни байналмилалӣ баргузор менамоянд.
Дар озмун шоирону адибон, журналистону публитсистон ва ҳамаи онҳое, ки ба эҷод алоқаманданд, иштирок карда метавонанд. Асарҳо дар қолаби жанрҳои журналистӣ ва публитсистиву адабӣ дар ҳаҷми то 6 саҳифа бо ҳуруфи Arial tj, андозаи 14 ва шеърҳо то 30 байт қабул карда мешаванд.
Озмун аз 10-уми феврал оғоз ёфта, 10-уми августи соли 2026 дар ду бахш ҷамъбаст мегардад.
1. Беҳтарин асари публитсистӣ дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи тамаддуни ориёӣ (мақола, очерк, мусоҳиба, лавҳа).
2. Беҳтарин шеър дар шинохти Тоҷикон ҳамчун миллати ориёӣ.
Ғолибон бо мукофотҳои таъсисдодаи муассисони озмун – Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи "Ҷумҳурият" ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қадр мешаванд.
Санаи нашр: 10.02.2026 №: 27