ТОҶИКИСТОН. ВАҚТЕ САРВАР БА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ АРҶ МЕГУЗОРАД...

27 феврал 2026, Ҷумъа
38


Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зери унвони «Нақши Пешвои миллат дар тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва таҳқиқу тарғиби адабиёти тоҷик» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Профессор Насим Абдуллозода, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳ, конфронсро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали роҳбарии хеш масъалаҳои таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва рушди тафаккури миллиро ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил доданд.
Вазири фарҳанг Матлуба Сатториён дар мавзуи «Мақоми Пешвои миллат дар ташаккули худшиносии миллӣ ва истиқлоли маънавӣ» маъруза намуда, гуфт, ки 35 соли истиқлол барои миллати тоҷик давраи таҳкими пояҳои давлатдорӣ, худогоҳӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ маҳсуб мегардад. Ӯ, махсусан зикр кард, ки маҳз бо сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Тоҷикистон буҳронҳои сиёсиву иқтисодиро пушти сар карда, ба марҳалаи рушди устувор ворид гардид.
Мирзоқосим Каримзода ва Бобоҷон Қодирӣ дар маърузаҳои хеш ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ ва боло бурдани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷомеа ибрози назар намуданд. Абдуллоҳи Раҳнамо роҷеъ ба «Адабиёт ва муқовимат бо бегонапарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ» сухан карда, адабиётро омили муҳими ҳифзи асолати фарҳангӣ арзёбӣ кард. Профессор Нуралӣ Нурзод бошад, зимни баррасии мавзуи «Шоҳномаи Фирдавсӣ – сарчашмаи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ» ҷойгоҳи асари безаволи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро дар тарбияи ҳисси ифтихори миллӣ ва таҳкими ҷаҳонбинии ватандӯстона басо муҳим донист.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки таҳқиқу тарғиби адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, гиромидошти мероси ниёгон ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ яке аз вазифаҳои асосии ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии кишвар мебошад.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 27.02.2026 №: 40