ТОҶИКИСТОН. БАРОБАРҲУҚУҚӢ ЗАНОНРО САОДАТ МЕБАХШАД

19 март 2026, Панҷшанбе
9


Хусусиятҳои масъалаи вобаста ба татбиқу риояи ҳуқуқи занон дар ҷомеа имрӯз на танҳо барои доираи мутахассисон ва кормандони масъули давлатӣ, балки барои аъзои қатории ҷамъият мавзуи мавриди баҳсу гуфтугузор гардидааст. Аксар вақт мушкилоти занҳое, ки аз шавҳарони худ ҷудо шудаанд ва риояи ҳуқуқҳои худу фарзандонашонро тақозо доранд ё ақди никоҳи худро бекор карданианд, боиси афзоиши муроҷиати онҳо ба мақомоти судӣ гардидааст.
Бо назардошти муҳимияти ин масъала бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2025-2030 қабул гардида, мавриди татбиқ қарор дорад, ки барои тақвият ва пойдории оила ҳамчун ниҳоди бунёдии ҷомеа ва ҳалли мушкилоти гуногуни вобаста ба он мусоидат намуда истодааст.
Қобили зикр аст, ки тули солиёни охир дар қонунгузории миллӣ бобати ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва фароҳам сохтани имкониятҳои баробар барои занону мардон, боло бурдани мақоми зан заминаи мустаҳками меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар аксар маврид сатҳи пасти огоҳии ҳуқуқии занон боис гардидааст, ки онҳо дар зиндагӣ ва ҷомеа гирифтори мушкилот шаванд. Аз тарафи дигар вақте мо дар мавриди ҷойгоҳи ҳуқуқии зан дар ҷомеаи Тоҷикистон сухан меронем, набояд таъсири урфу анъана ва суннатҳои зиндагиро нодида гирем, зеро гоҳо таҳти таъсири ин омилҳо низ занон дар рӯзгори худ ба хотири риоия урфу суннат ба мушкилоти ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ меоянд.
Яқин аст, ки беҳуқуқии зан боиси ақибмондагии ҷомеа мегардад, зеро зан модар ва тарбиятгар аст. Аз ин рӯ, тарбияи зани бомаърифат, соҳибҳуқуқ, соҳибкасб ва аз лиҳози иқтисодӣ мустақил шарти муҳими пешрафти ҷомеа мебошад.
Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон ба хулосае расид, ки танҳо ташаккули афкори созанда ва эҳтиромона нисбат ба зан, риояи принсипи баробарҳуқуқии марду зан, таблиғи муносибати оштинопазир нисбат ба зӯроварии оилавӣ имкон фароҳам меоранд, то мушкилоти ҳуқуқии вобаста ба ҳаёти занон пурра бартараф гардида, нақши бонувон дар ободонии кишвари ҳуқуқбунёду демократии Тоҷикистони азиз боз ҳам намоёнтар гардад. Дар ин самт, мақомоти масъули давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма низ бояд ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон иқдомоти таъсирбахшро амалӣ созанд. Бо сарҷамъ намудани неруи муттаҳидаи тамоми аҳли ҷомеа, роҳандозӣ намудани чорабинии доманадори иттилоотӣ ва маърифатӣ, ки ҷавҳари он ба тағйири тафаккур асос ёфта бошад, метавон занонро ба соҳибмаърифатӣ ва эҳтироми ҳуқуқҳои башарии худ ҳидоят намуд.


Суҳроб РУШАНЗОДА, раиси суди вилояти Суғд

Санаи нашр: 18.03.2026 №: 53