ДАВИ МИЛЛӢ. ШУКӮҲИ ЧОРАБИНИИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
21 май дар қалби Тоҷикистон– шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғду Хатлон, Рашту Ҳисору Зарафшон ва дар саросари кишвар чорабинии оммавии Дави миллӣ баргузор гардид.
Субҳи содиқ дар даромадгоҳи шимолии шаҳри Душанбе – маҳаллаи Чорбоғ, ки насими дарёи Варзоб ба кас фараҳу тароват ва руҳу илҳом мебахшид, аз наврас то мӯйсафеди 89-сола дар тан либоси варзишӣ барои ширкат дар чорабинии оммавии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ҷамъ омада буданд. Дар баробари кормандони касбу кори гуногун хабарнигорони рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ, дар ин ҳамоиши иттиҳодкунанда ширкат доштанд.
Дар маъракаи солимгардонӣ Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири кишвар ва дигар масъулон роҷеъ ба оммавияти варзиш ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди варзиш дар мамлакат сухан ронданд. Зикр гашт, ки Дави миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (28 марти соли 2007) ҳамасола дар саросари мамлакат доир мегардад.
Фирӯз Саиднозимзода, корманди Маҷлиси намояндагон, ки бо ҷамъи ҳамкорон дар чорабинӣ ҳузур дошт, дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” чунин ибрози назар кард: “Дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавонон мақоми хосса доранд ва ин насл бояд солим ва бардам ба воя расад. Чунин чорабиниҳои варзишӣ шароит фароҳам меоранд, ки ҷавонон иродаи машғул шудан ба варзишро қавӣ намоянд, чун саргарм шудан ба варзиш сармоя гузоштан ба саломатӣ ва ҳаёти худ аст.
– Имрӯз мо, як гурӯҳ устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар 16-умин Дави миллӣ ширкат дорем. Боиси хушнудист, ки чунин чорабиниҳо ҷавононро бо ҳам муттаҳид сохта, дар сарҷамъии кишвар нақши муассир мебозад ва руҳияи солими қишри ояндасозро баланд мебардоранд, – зикр кард Сабзалӣ Асоев, устоди ДМТ.
Донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов Шаҳноза Сатторова гуфт, ки чунин ҷамъомадҳо барои ҷавонон имкон медиҳанд, ки бештар ба обутоби бадан машғул шаванд ва саломатии худро ҳифз намоянд.
Тибқи иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, дар шаҳри Душанбе 53700 нафар дар Дави миллӣ ва 1560 нафар дар марафони велосипедронӣ иштирок намуданд. Аз ҳама даванди калонсол Гулбек Хушвахтови 89-сола ба ҳисоб мерафт.
Ҳамин тавр, дар миёни мардон Самариддин Азимов, сарбози раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД мақоми аввалро касб кард. Мақомҳои дуюму сеюмро Умедҷон Қурбонзода, донишҷӯ ва Меҳрубон Шамсиддинови табиб ишғол намуданд.
Байни бонувон се зинаи ифтихорӣ насиби Юля Макарова, Екатерина Свиридова ва Елвина Шагиева гашт.
Дар веломарафон Муҳаммадҷон Азизов ва Мутриба Абдуҷалилова ғолиб омаданд.
Бар пояи ахбори хабарнигори “Ҷумҳурият” дар ВМКБ, дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ бо иштироки раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят иштирокдоронро бо ин рӯз, ки дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон баргузор гашта истодааст, табрик намуда, чунин таъкид дошт: “Ҳамасола дар кишвари мо ба хотири оммавӣ намудани варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҳамаи қишрҳои ҷомеа якшанбеи сеюми моҳи май Дави миллӣ баргузор мегардад, ки дар сатҳи баланд доир намудани он ба ҳукми анъана даромадааст. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки теъдоди хоҳишмандони Дави миллӣ сол ба сол зиёд гардида истодаанд, ки ин боиси хушнудист”.
Дави миллӣ аз майдони Исмоили Сомонӣ шуруъ шуда, дар назди Боғи "Ғалаба" ҷамъбаст гардид.
Ба навиштаи сомонаи вилояти Суғд, дар Дави миллии шаҳри Хуҷанд беш аз 18000 нафар иштирок дошт. Дар ин чорабинии сатҳи баланди варзишӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, роҳбарону кормандони ташкилоту идораҳо, ҷавонону донишҷӯён ва сокинон ширкат намуданд.
Мусобиқа аз назди Маҷмаи ҳавзҳои шиноварии «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» оғоз ёфта, тавассути кӯчаи ба номи Раҳим Ҷалил то хиёбони ба номи Раҳмон Набиев идома ёфт.
– Чунин чорабиниҳои оммавӣ дӯстиву рафоқатро таҳким бахшида, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузоранд. Имрӯзҳо дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май дар кишвар таҷлил мегардад, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, солимгардонӣ, фарҳангиву маърифатӣ ва ободонӣ ташкилу роҳандозӣ шуда истодаанд. Баргузории Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз ҷумлаи чунин маъракаҳои ҷашнист, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст, – иброз дошт Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон дар ифтитоҳи Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар шаҳри Бохтар.
Бино ба хабари рӯзномаи “Хатлон”, пас аз анҷоми чорабинӣ дар вазъи тантанавӣ ба ғолибону фаъолон диплому сипоснома ва мукофотҳо супурда шуданд.
Маҳмуд МИРЗОЁН,
Латифабону РУСТАМЗОДА,
“Ҷумҳурият”
Суратгир Комрон САФАР
Санаи нашр: 22.05.2023 №: 106 - 107
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)