МОДАРАМ, ЭЙ МОДАРИ ҒАМХОРИ МАН. (АНДЕШАЕ ЧАНД ДАР ҲОШИЯИ ПОРАИ АСАРИ ЁДДОШТИИ С. ЯТИМОВ “БАЧАИ МУАЛЛИМ”)

07 апрел 2026, Сешанбе
8


Як пора ёддоштҳои замони кӯдакии доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Саймумин Ятимов “Бачаи муаллим”-ро, ки дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (№21, 3.02.2026) ба нашр расид, мутолаа кардам. Аз ҷумлаи нахустини ёддоштҳо огоҳ гаштам, ки дар ҳамон солҳо қадру манзалати омӯзгор дар кишвар, бахусус дар кӯҳистони дурдаст, то чи андоза баланд будааст, ки боэҳтиром фарзанди ӯро “бачаи муаллим” ном мебурданд.
Дар ин порчаи ёддоштӣ сухан дар бораи муаллиф меравад, ки бо сабаби синну солаш ба давраи мактабӣ нарасидан, ӯро ба мактаб қабул намекунанд, ҳарчанд ӯ бо шавқу завқи зиёд орзуи мактабравӣ дошт. Падараш низ барои ба мактаб рафтани кӯдакаш зид буд ва ҳатто хоҳишу илтимоси ҳамсарашро ҳам ба эътибор намегирифт. Дар ин ҷо симои падари Саймумин дар пеши назари хонанда ҳамчун як фарде, ки волоияти қонунро аз ҳама чиз боло мегузорад, ҷилвагар мегардад. Писараки хурдсол меҳраш ба хондан зиёд буд. Ӯ 1-уми сентябр либосҳои навашро пӯшида, бо дигар роҳи деҳа ба мактаб меравад. Ӯро омӯзгори синфи якум Абдуллоев, ки хеши падарияш буд, аз синф ронда, таъкид мекунад, ки рост ба хонаашон равад.
Муаллиф аз ин амали муаллим наранҷидааст, аммо аз раъйи худ намегардад ва аз хоҳарбузургаш мепурсад, ки барои ёд гирифтани хондан кадом китоб зарур аст. Чун мефаҳмад, ки китоби “Алифбо” муҳим аст, ба ҷустуҷӯйи он мепардозад. Дар тасаввури ӯ “Алифбо” як китоби калони зебо ва суратдор менамуд. Азбаски ҳарфҳоро намешинохт, бо ёрии апааш онро меёбад, ки китобе буд фарсудаву варақҳояш кандашуда. Муаллиф таъкид намудааст, ки варақҳои чопу пареши “Алифбо” афсонаи “Тиллои пошхӯрда”-и момаи Музайянро ба хотир меорад, ки шабҳои дурударози зимистон ба бачаҳо нақл мекард...
Муаллиф дар ин пораи ёддоштҳо нақши модари азизу меҳрубон ва ғамхорашро бо як маҳорату дилсӯзии том ба риштаи тасвир кашидааст. Модар “Алифбо”-ро аз дасти писараш гирифта, чун шифокор саҳифаҳои онро бо докаи тоза аз чангу ғубор пок мекунад; варақҳои кандашударо дӯхта, саҳифаҳои даридаро ширеш карда, ба қавле, ба “Алифбо” умри “дубора” мебахшад.
Муаллиф барҳақ огоҳ мекунад, ба китоб, ки он нигоҳдорандаи ганҷинаи тамаддуни башарият аст, муносибати дилсӯзона бояд кард. Варақҳояшро надаронда, ба рӯйи саҳифаҳо хат накашида, онро тозаву озода нигоҳ доштан вазифа ва қарзи виҷдонии ҳар як шахси бофарҳанг ва маърифатдӯст маҳсуб меёбад, – хулоса мекунад муаллиф.
Модар ҳангоми фориғ аз корҳои рӯзгор ба бачаяки “ташнаи китобаш” ҳарфҳои “Алифбо”-ро нишон медиҳад, хондану навиштанро дар якҷоягӣ меомӯзонад. С. Ятимов барҳақ модарашро нахустин омӯзгори худ номидааст.
Саймуминро ҳанӯз ҳангоми хурдсолӣ завқу шавқи саводнокшавӣ фаро гирифта буд. Махсусан, модараш, ки ҳусни хатти зебо дошт, писарашро ба зебонависӣ талқин менамуд.
Дар порчаи ёддоштӣ муаллиф ҷое таъкид кардааст, ки агар дар замири ҳар як кӯдак завқи хондан, саводомӯзӣ зиёд бошад, ӯ бо сарпарастии мураббӣ ба зудӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида метавонад.
С. Ятимов аз падар ризомандии худро дар бобати шеърҳифзкунӣ баён дошта, дар ин росто, сабақҳои додаи ӯро ба хотир меовард. Боре ӯ аз радиои дастӣ як шеърро гӯш мекунад, ки ба васфи модар эҷод шуда буд. Шеър ба ӯ маъқул мешавад. Аммо он матнро аз ҷое пайдо карда наметавонад. Аз ин рӯ, барои кумак ба падараш муроҷиат мекунад. Баъди суҳбати кӯтоҳ маълум мешавад, ки муаллифи шеър Эраҷ Мирзо буда, унвони он “Гӯянд маро чу зод модар” будааст. Падар шеърро ба писараш навишта дода, огоҳ месозад, ки ҳар ҳиҷо, ҳар хат ва ҳар байти онро бурро хонда, ба маънии калимаҳо сарфаҳм равад, мазмуни мисраъву байтҳоро дар ёд бигирад. Бо овози баланд хондан, қадам зада-қадам зада хондан, барои ҳифзи шеър аз ҳар бобат ёрӣ мерасонад...
Хулоса, аз ин порчаи ёддоштии доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Саймумин Ятимов чунин бармеояд, ки агар ҳар инсон аз овони тифлӣ ба саводомӯзӣ ва донишандӯзӣ дилбастагӣ дошта бошад, дар оянда метавонад ба қуллаҳои баланди илму маърифат бирасад.
Бешубҳа, падару модарон баъди мутолааи ин порчаи ёддоштӣ масъулияти худро нисбат ба таълиму тарбияи фарзандони хеш дар назди давлат ва ҷомеа боз ҳам бештар ҳис хоҳанд кард.


Ҳотам ҲОҶӢ, омӯзгори собиқадори
МТМУ №1-и ноҳияи Кӯшониён

Санаи нашр: 07.04.2026 №: 63-64