Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон
14-уми апрел таҳти раёсати Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар иҷлосия лоиҳаҳои Қонуни конститутсионӣ «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», Созишнома дар бораи Маркази универсалӣ оид ба муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор қонунҳои дигар муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Дар Душанбе Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушд доир гашт
Дар Форуми байналмилалии "Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: сабз, рақамӣ ва ҳушманд” беш аз 2000 нафар намоянда аз вазорату идораҳои марбута, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва шарикони рушд ширкат намуданд.
Зикр шуд, ки Тоҷикистон айни замон дар марҳалаи дуюми рақамикунонӣ қарор дошта, дар ин самт як қатор ислоҳоти муҳим амалӣ гардида, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис дода шуд, ки ҳамчун мақоми ваколатдор дар рушди иқтисоди рақамӣ ва зеҳни сунъӣ фаъолият менамояд.
Форуми байналмилалии "Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: сабз, рақамӣ ва ҳушманд” то 16-уми апрел идома хоҳад ёфт.
Машқҳои муштараки амалиётӣ – стратегии “Ҳамкорӣ – 2026”
Аз 6 то 10-уми апрел дар машқгоҳи “Ҳарбмайдон” бо қӯшунҳо ва ҷузъу томи сохторҳои қудратӣ дар вилояти Хатлон машқҳои муштараки амалиётӣ – стратегии “Ҳамкорӣ – 2026” доир гашт.
Машқҳо дар асоси мавзуъ ва матлаби бурдани амалиётҳои махсус оид ба нобудсозии гурӯҳҳои ғайриқонунии силоҳбадаст ҳангоми убури хатти сарҳади давлатӣ бо истифодаи дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин, воситаҳои муҳорибаи радиоэлектронӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ дар шароити кӯҳсор ва бо истифода аз тамоми техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ба роҳ монда шуд.
Ҳамоиш дар самти рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025 – 2030) ва бо мақсади рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ машғулияти омӯзишӣ доир гашт.
Мутахассисони филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе тартиби истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва танзими имзои электрониро тибқи Қонун «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» шарҳ доданд.
Директори Агентӣ Шералӣ Хоҷазода иброз дошт, ки мақсади рақамикунонии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳтиром ба таърихи халқи худ ва наслҳои минбаъда аст, зеро ёдгориҳо таҷассумгари таъриху тамаддун ва фарҳанги мардуми тоҷик маҳсуб мешаванд.
Ифтитоҳи намоиши "Дидор" дар Осорхонаи миллӣ
Дар ифтитоҳи намоиш вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён, мушовири бахши ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шуҳрат Азиззода ва раиси Иттифоқи рассомон Наргис Ҳамидова ширкат доштанд.
Гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар масъалаи ҳифз, тармим ва барқарорсозии осори таърихию фарҳангӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии мамлакат табдил ёфта, ин раванд ҳамчун ҷузъи муҳими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ аҳамияти махсус касб менамояд.
Меҳвари намоишро 73 мусаввараи нодир ташкил медиҳад, ки маҳсули дасти рассомони маъруфи Иттиҳоди Шуравӣ мебошанд.
Намоиши «Дидор» то 20-уми май идома меёбад.
