ХАДАМОТИ ГУМРУК. ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗ ТАНТАНА ДОШТ
Дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки роҳбарият ва кормандони сохторҳои он дар фазои идона ва шукӯҳу манзалати хос таҷлил гардид.
Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода иштирокдоронро ба муносибати ин Ҷашни фархунда табрик ва оид ба анъанаю суннатҳои деринаи Наврӯзу ҷойгоҳи он дар таҳкими дӯстиву рафоқат, худшиносии милливу ваҳдату ҳамбастагии халқҳо суханронӣ кард.
Зикр гардид, ки Наврӯз ҳамчун Ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пайванди устувори наслҳо бо арзишҳои асили миллӣ мебошад. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, бо талошу ташаббусҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҷашни мазкур ба мақоми баланди сиёсиву фарҳангӣ расида, ҳамчун омили муҳими таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ дар арсаи олам муаррифӣ шудааст.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат Наврӯз ба як падидаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, имрӯз он дар кишварҳои гуногуни олам бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардидани Наврӯзи оламафрӯз низ далели равшани арзишмандии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Имрӯз шаҳрвандони кишвар бо ифтихор эҳсос менамоянд, ки Наврӯз ҳамчун неруи муттаҳидсозандаи ҷомеа нақши муҳим дошта, мардумро ба созандагиву ободкорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ҳидоят мекунад.
Боиси зикр аст, ки 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардида, 19-уми феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шудааст.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ гӯшаю хони наврӯзӣ ба намоиш гузошта шуданд. Иштирокдорон аз суфраҳои идона, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла заргарӣ, либосҳои миллӣ ва таомҳои суннатии тоҷикӣ, аз қабили суманак, дидан намуданд.
Ҳамчунин, бахшида ба Ҷашни Наврӯз миёни кормандони Хадамот мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои шоҳмот, шашка, бандкашӣ, вазнбардорӣ баргузор ва ғолибон бо диплом, ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Дар фарҷоми он гуфта шуд, ки таҷлили бошукӯҳи Наврӯз нишонаи арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои бостонӣ буда, барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносиву эҳтиром ба фарҳанги миллӣ аҳамияти муҳим дорад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
