АМИТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК

16 апрел 2026, Панҷшанбе
2


14-уми апрел дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) бахшида ба Рӯзи илми тоҷик (якшанбеи сеюми моҳи апрел) ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор шуд.
Дар ин бора Муҳаммад Аминзод, мудири шуъбаи матбуот ва робита бо ҷомеаи АМИТ ба рӯзномаи “Ҷумҳурият” хабар дод. Тибқи иттилои манбаъ, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода дар сухани ифтитоҳӣ аз ҷумла таъкид намудааст, ки “Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо нақши илм дар таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии миллӣ бештар эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, татбиқи самараноки дастовардҳои илмӣ дар иқтисоди миллӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад заминаи устувори рушди минбаъдаи мамлакатро таъмин намояд”.
– Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад. Бо дарназардошти аҳамияти хоси ин самти афзалиятнок дар сиёсати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корҳои зиёд амалӣ мешаванд, – зикр намуд Қобилҷон Хушвахтзода, президенти АМИТ.
Гуфта шуд, ки АМИТ ҳамчун бузургтарин муассисаи илмии мамлакат дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намуда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.
Дар охири ҳамоиш як зумра олимон, инчунин, олимони ҷавоне, ки соли 2026 соҳиби ҷоизаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста гардида буданд, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд. Инчунин, ба як зумра кормандон медали 50-солагии фаъолияти бефосила дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон супурда шуд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 16.04.2026 №: 70