«ШОХИ НАБОТИ ҲОФИЗ». ШАРҲИ 40 ҒАЗАЛ ДАР ЯК КИТОБ
Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ дар доираи ҳамкориҳо бо муҳаққиқони муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои кишвар китоби нави илмӣ ба табъ расонд, ки «Шохи наботи Ҳофиз» ном дорад.
Китобро дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Муътабар Бобоева таҳия ва шарҳу тавзеҳ додааст. Пешсухан аз профессор Шодимуҳаммад Сӯфизода буда, таҳрири илмиро Баҳроми Раҳматзод анҷом додааст.
Асари мазкур, ки ба қалами Муҳаммадризо Барзгар Холиқӣ тааллуқ дорад, дар муҳити илмии Эрон маъруфияти зиёд дошта, ҳамчун яке аз шарҳҳои муосири ашъори Ҳофиз арзёбӣ мешавад.
Дар нашри тоза шарҳи интихобии 40 ғазали Ҳофиз гирдоварӣ шуда, бори аввал дар Тоҷикистон ба табъ расид.
“ТАЪРИХИ ЖУРНАЛИСТИКАИ ТОҶИК” ЧОП ШУД
Дастури таълимӣ-методии нав таҳти унвони “Таърихи журналистикаи тоҷик” аз ҷониби нашриёти “Ношир” ба табъ расид. Муаллиф устоди кафедраи иттилоот ва технологияҳои робитавии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Абдуқодир Шехов мебошад.
Дастур фарогири маълумоти арзишманд оид ба заминаҳои таъсис, пайдоиш ва ташаккули нахустин нашрияҳои тоҷикӣ буда, барои донишҷӯёни факултет ва шуъбаҳои журналистикаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар манбаи муфид арзёбӣ мегардад. Қобили зикр аст, ки баъзе аз матлабҳо ва нашрияҳои ибтидои асри ХХ бори аввал дар ин дастур мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтаанд.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумуҳурият”
