ИСФАРА. БАРАКАТ АЗ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” яке аз иқдомҳои муҳими давлатӣ дар самти ба низом даровардани ҷашну анъанаҳо ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии Қонун пешгирии исрофкорӣ, коҳиш додани хароҷоти зиёдатӣ ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мебошад.
Қонуни мазкур заминаи танзими фарҳанги маъракадорӣ буда, ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандон, тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва рушди фарҳанги сарфакорӣ мусоидат менамояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки бо татбиқи мунтазами меъёрҳои Қонун фишори иқтисодӣ ба оилаҳо коҳиш ёфтааст.
Дар ин замина, фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара намунаи хуби татбиқи амалии Қонун ба шумор меравад. Тибқи маълумот, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 38 тӯйи домодиву арусӣ баргузор гардида, маблағи умумии онҳо 298 ҳазору 984 сомониро ташкил додааст. Ҳамзамон, аз ҷониби бахши дин ва танзими анъанаҳо 22 маросими “чил” ва 10 маросими “сол” ба қайд гирифта шудааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки яке аз омилҳои асосии риояи Қонун назорати доимӣ ва ҳамкории сохторҳои марбута мебошад. Дар Исфара тамоми маъракаҳо зери назорати комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросим қарор дошта, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ санҷишҳои муштарак гузаронда мешаванд.
Нилуфар Абдуллоева, сармутахассиси бахши дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, зикр кард, ки дар натиҷаи чунин чораандешиҳо ягон ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст.
“Ин нишондиҳанда гувоҳи баланд гардидани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва самаранокии корҳои фаҳмондадиҳӣ мебошад. Ҳатто дар ҳолатҳои эҳтимолии қонуншиканӣ, ки дар ҷамоатҳои деҳоти Навгилем ва Чилгазӣ ба назар мерасид, масъалаҳо бо роҳи тавсия ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳалли худро ёфтанд”, –иброз дошт Нилуфар Абдуллоева.
Имрӯз шаҳрвандон бештар ба моҳияти маъракаҳо аҳамият дода, аз зоҳирпарастӣ ва хароҷоти зиёдатӣ худдорӣ мекунанд. Ин раванд ба устувории оилаҳои ҷавон ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии онҳо мусоидат менамояд. Ҳамзамон, танзими шумораи мошинҳо, фаъолияти тӯйхонаҳо ва иштироки ҳофизон низ ба як меъёр дароварда шуда, ба шаклгирии фарҳанги нави маъракадорӣ замина мегузорад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
